Ҳамасола 5 – уми октябр дар кишвар “рўзи забони давлатӣ” таҷлил карда мешавад. Маврид ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Забони тоҷикӣ рушд намуда, имрўз вазифаи таърихии худро беш аз пеш ба иҷро расонида истодааст.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда, дар соҳаҳои коргузориву эҷоди қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври густурда мавриди истифода қарор дода шуд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлолият то ба имрўз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонанд. Ба гуфти дотсенти Кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Мирзо Солеҳов барои зинда ва эҳё намудани забони форси тоҷикӣ саҳми адибони асримиёнагии форсу тоҷик, ки теъдоди онҳо то 400 нафарро дар бар гирифтааст биниҳоят зиёд мебошад. Мирзо Солеҳов дар идомаи гуфтаҳояш роҷеъ ба рисолати адибони асримиёнгӣ, ки барои эҳё намудани забони форси тоҷикӣ наќши муҳим гузоштаанд гуфтанд, ки: “Таърихи Сиистон хабар медиҳад, ки нахуст шоирони порсигў баъд аз он, ки 200 сол забони давлатӣ дар ќаламрави Мовароунаҳр забони арабӣ буд вале забони тоҷикӣ забони миллии мо аз байн нарафт. Ҳанўз мо медонем шеъри ќитъаи шеъри Балхиён, ки чунин аст:
Аз Хуталон омадаӣ,
Рў ба табоҳ омадаӣ.
Хушкунизор омадаӣ,
Овора боз омадаӣ.
Ин мисраъҳо гувоҳи он аст, ки бо вуҷуди он, ки 200 сол забони давлатӣ забони арабӣ буд забони мо аз байн нарафтааст ва ба ин забон адибон эҷод кардаанд”.
Таҷрибаи таърихӣ собит сохтааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ бо доштани забони худ устувор ва пойдор мемонад. Забоншинос Азиз Мирбобоев иброз медорад, ки забони тоҷикӣ дар давраи асрҳои миёна ба мушкилиҳои зиёди замон дучор гардид вале нотавонбинон онро натавонистанд, ки аз байн баранд: “Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллист. Миллати тоҷикро дар таърих маҳз тавассути забон, осор ва фарҳанги бостонӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз ин рў, забони мо ва таърихи гузаштаи он дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллат мебошад».
Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад. Ба таъкиди донишмандон инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлоли кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чӣ дар корҳои давлатдорӣ ва чӣ дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.
Нуралӣ Давлат
Радиои Тоҷикистон