Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар рӯйдоди бениҳоят муҳим маҳсуб шуда, ҳамватанонамон ба он назаранд, ки чунин мулоқот бояд ҳатман баргузор мегардид, зеро вақтҳои охир таассубгароӣ дар мамлакат тавсеа ёфта буд.
Нигаронии шаҳрвандон ба он рабт дорад, ки ин таассубгароӣ дар кишвари мо роиҷгардида сунъӣ буда, бештар аз хуруфот маншаъ гирифтааст. Хоса, дар хориҷи кишвар даст ба амалҳои террористӣ задани шаҳрвандони Тоҷикистон, хеле зиёд шудани теъдоди ба ном ҳоҷиҳо, маъмул гардидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо носозгор, зиёд шудани сафи онҳое, ки танҳо рӯзи ҷумъа худро мусулмон «мекунанд» ва ғайра боиси нигаронии сокинони мамлакат буд.
Аз таассуроти мардум бармеояд, ки онҳо комилан ба андешаҳои Роҳбари мамлакат ҳамфикранд, онҳоро дар шароити кунунӣ барои эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз хатарҳо муҳим медонанд, барои иҷрои дастуру супоришҳои баёнгардида омодагии худро иброз медоранд. Ба шарофати суханронии Пешвои миллат ҳамватанонамон бори дигар муътақид шуданд, ки ин абармард, воқеан ҳам, Президенти мардумӣ буда, тамоми ибтикор ва ҷаҳду талошашон барои таъмини зиндагии мардум равона шудааст.
Дар заминаи мулоқоти мазкур тамоми қишрҳои ҷомеа мутмаин гардиданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кулли мушкилоти ҷомеа огоҳии комил доранд, сабабҳои ба миён омадани онҳоро беҳтар аз дигарон медонанд ва барои рафъи мушкилиҳои мавҷуда пешниҳоду нақшаҳои комил доранд. Ин омил дар ҷараёни баргузории мулоқоти мазкур ба маъраз гузошта шуд. Табиист, ки то чӣ андоза натиҷаи дилхоҳ додани мулоқоти мазкур ба тадбирандешии масъулин вобаста аст.
Ҷавобгӯи талабот набудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, то андозае дур шудани масъулин аз мардум, хотиррасон намудани гунаҳкорони ҷанги шаҳрвандӣ, ёдовар шудани вазъи ҷаҳони муосир, истинод ба Қуръони карим, махсус таъкид кардани зарурати милликунонии дин, шарҳу тавзеҳи ваколату рисолати мулло, дастури сахттар намудани муҷозот барои таълими ғайриқонунии динӣ, таҳия намудани либоси миллӣ мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари хирадсолори мамлакат қарор доштанд.
Илова бар ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо андешаҳояшонро иброз намуданд.
Бо истинод ба суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишрҳои ҷомеа мутмаин гардиданд, ки дар мамлакати мо давлат баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ кардааст ва онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки «бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин, баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста ба муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявист, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, қабул шудааст», далели бебаҳси ин гуфта мебошад.
Бо вуҷуди фароҳам будани имкониятҳои зикршуда эътироф бояд кард, ки дини мо моҳияти миллӣ касб накардаю дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлатӣ ба таври бояду шояд саҳмгузор нест. Дингароии аксар низ сунъӣ буда, бештар ба хурофот рабт дорад. Дар ин замина воқеияти фармудаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ» баёнгари ин ҳолат аст.
Ҳамон тавре, ки Роҳбари мамлакат зикр карданд: «Бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст».
Масъалаҳои дар мулоқоти мазкур аз ҷониби Пешвои миллат матраҳгардида куллан муҳиманду саривақтӣ. Аз ҷумла, Сарвари давлат ба «баҳс»-и аз таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастӣ маншаъгирифта дар мавриди «мусулмон ё тоҷики мусулмон» нуқта гузоштанд.
Инкор намекунем, ки ҳар фарди мусулмон бояд ба дини мубини ислом чун ба сарчашмаи асосии маънавӣ ва рӯҳонию ахлоқӣ эҳтиром гузорад ва баҳри милликунонии он беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳад, вале ин раванд дар кишвари мо бо хурофотпарастию ифротгароӣ тавъам гардида, дар мағзшӯии ҷавонон мавриди истифода аст.
Президенти мамлакат дар мулоқоти мавриди назар барҳақ фармуданд: «Дар ҳоле ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст».
Бамаврид аст аз он ёдовар шавам, ки баръакси кишвари мо, дар ақсои олам дин баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ хеле густурда истифода ва дар баъзе ҳолат ҳатто сӯиистифода ҳам мешавад. Барои мисол, калисои католикӣ ва калисоҳои православӣ бо меҳвар қарор додани манфиатҳои миллӣ баҳри пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ, риояи ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз ҳуқуқи зан, мубориза бар зидди бемориҳои вазнин, терроризм, расондани кумак ба мардуми камбизоат ва ғайра бо сохторҳои дахлдор фаъолияти муштарак доранд.
МИСОЛИ ДИГАР, УММАТИ ИСЛОМ ДАР КИШВАРҲОИ ҚАФҚОЗ БО НИДОИ «АЛЛОҲУ АКБАР» АЗ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ҲИМОЯ МЕКУНАНД. КОРИ ДУРУСТ МЕКУНАНД, ЗЕРО ТАФОВУТИ ЭЪТИҚОДӢ НАБОЯД МОНЕА ДАР ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ БОШАД.
Аз ин лиҳоз, суханони Пешвои миллат – «Ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам ва баъдан мусулмон» рамзу ҳикмати зиёд дошта, масъулин бо истинод ба он метавонанд самаранокии корҳои идеологиро таъмин созанд. Илова бар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».
Мутаассифона, иддае ҳамватанон дарк накардаанд, ки мансубияти исломӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои инкори мансубияти фарҳангии миллатҳои мусулмонро надорад. Сабаби асосии чунин вазъият ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Тавре Пешвои миллат гуфтанд: «Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои маҳаллии вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонону варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаи давлатию ҷамъиятӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо, пешбурди фаъолияти мафкурасозиро дуюмдараҷа мешуморанд ва ба ин масъалаи муҳим аҳамияти зарурӣ намедиҳанд».
Дар шароити кунунӣ, ки ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ моҳияти рӯзафзун касб намудааст, ҷойгоҳи дунявият хоса мебошад. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери динидошта ҳаргиз наметавонанд аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон сӯиистифода намоянд.
Дин ва диёнатро меҳвари муборизаҳои сиёсӣ ва идеологӣ кардану муташанниҷ сохтани суботи ҷомеа амали зиддиконститутсионӣ, зиддимиллӣ ва ҳатто зиддишариатӣ аст, зеро ислом суботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҳар як миллати мусулмонро арзиши олӣ меҳисобад.
Фаъол будани қариб чор ҳазор масҷид дар кишвар яке аз садҳо далели тақвиятбахши ҷавҳари матлаб маҳсуб мешавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо дарназардошти теъдоди аҳолӣ дар кам кишвари исломӣ ин қадар масҷид вуҷуд дорад.
Тавре дар суханронии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид: «Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад».
Чун сухан дар бораи масҷид рафт, набояд фаромӯш кард, ки фаъолияти масҷидҳоро берун аз чорчӯбаи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ роҳандозӣ кардан пайомади ногувор хоҳад дошт. Хуб медонам, ки аз лиҳози таъйинот ин макон ҷои ибодат аст, аммо метавонад дар ташаккули худшиносии мардум саҳми арзанда дошта бошад. Ҳарчанд баъзеҳо қабул надоранд, вале бамаврид аст, ки дар мавъизаҳои хатибони масҷид масоили фарҳанги миллӣ, тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ меҳвар бошанд.
Мо — мусулмонон ифтихорманд бояд бошем, ки дини ислом мазҳари рӯҳонӣ ва ахлоқӣ буда, миллӣ кунонидан ва дарку татбиқи аҳкоми он метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат намояд. Агар дар ин самт комёб гардем, ин дини мубин якҷо бо андешаи миллӣ қодир аст, ки ба пешрафти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад.
Далер АБДУЛЛО
Бознашр аз «Садои мардум»