Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар якҷоягӣ бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Институти археология ва этнографияи Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия (СО РАН), Донишгоҳи давлатии Алтай, Конфренсияи байналмилалии илмӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои маҷмуавии бостоншиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар оғози конференсия Қобилҷон Хушвахтзода президенти АМИТ суханронӣ карда, иброз намуд, ки АМИТ бо қисме аз марказҳои илмии давлатҳои Осиёи марказӣ ҳамкории чандинсола дошта, то имрӯз зидёда аз 10 адад экспедитсияҳои бостонии муштарак гузаронида, аз натиҷаи онҳо 10 адад китоб ва мақолаҳои муштараки илмӣ доир ба бозёфтҳо ва мушкилоти соҳаи бостоншиносӣ дар Тоҷикистон ба нашр расонидаанд.
Дар идомаи конференсия Светлана Владимировна номзади илмҳои таърих, ходими калони илмии Институти археология ва этнографияи Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия (СО РАН) баромад карда, қайд намуд, ки институти мо бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳамкории чандинсола дорад ва айни замон аз институти мо чанд гуруҳи бостоншиносон дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг таҳқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд.
Муродалӣ Иброҳимов ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш зимни суҳбар ба мо гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби институти мазкур зиёда аз 20 адад экспедитсияҳои бостоншиносӣ ташкил карда мешаванд, ки тақрибан 12 – 15 адади онҳо дар шарики бо олимони хориҷӣ сурат мегиранд.
Бояд гуфт, ки конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои маҷмуавии бостоншиносӣ дар Тоҷикистон” давоми ду рӯз аз 18 то 20 – уми соли равон идома карда, дар он олимону донишмандони соҳаи илми таърих аз дохил ва хориҷи кишвар аз қабили Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қирғизистон Қазоқистон, Турманистон, Эрон, ҶМ Чин, Олмон, Шведсария, Фаронса ва ИМА ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, дастовардҳои илмию амалии худро дар самти кашфиёти бошишгоҳ ва бозёфтҳои археологӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бозгӯӣ менамоянд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”