Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин, ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон, мушкилоти соҳаи роҳу нақлиёт дар кишвар ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 14 март матлабе бо номи “Роҳу нақлиёт. Аз дастовард то мушкилот” чоп карда, менависад, ки таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз аст. Нашрия бо такя ба суханони Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки соли сипаришуда дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 294 садама сабт гардида, 223 нафар ҳалок ва 296 кас маҷруҳ шуд, ки дар муқоиса ба соли пешӣ зиёд аст.
Дар бахши дигари ин матлаб вазъи Роҳи оҳани Тоҷикистон матраҳ шуда, таъкид мегардад, ки фарсудаву корношоям шудани вагонҳо ва локомотивҳо барои ин корхона мушкили асосӣ боқӣ мемонад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳоло аз 1971 вагони боркаш 1431-тоаш корношоям буда, инчунин муҳлати истифодабарии 784 вагон ба охир расидааст. Аз 43 локомотив бошад 16-то ва аз 399 вагони мусофирбарӣ 245-тоаш корношоям аст, инчунин, 100 вагони мусофирбарӣ тибқи фармоиши Ҳукумати ҷумҳурӣ аз эътибор соқит гардид.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора мақолаи Асхат Оразбай раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар робита ба иқдомоти Қазоқистон зимни раёсат дар ин ниҳодро чоп кардааст.
Ба гуфтаи Асхат Оразбай дар давраи раёсати Қазоқистон амалигардонии ду барномаи асосӣ: Барномаи амал дар бобати расондани ёрӣ ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал ва мониторинги мунтазами он, Барномаи минтақавӣ барои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори Осиёи Марказӣ. Давраи амалигардонии ҳарду барнома то соли 2030 аст.
Ёдовар мешавем, ки мушкилоти экологии баҳри Арал дар солҳои 1960-1970 ба вуҷуд омада, ниҳоят ба ҳадде расид, ки аз чорумин кӯли калонтарин дар сайёраи мо амалан чизе боқӣ намонд. Дар оғоз Арал ба ду обанбор, баъд ба 3 ва ғайра тақсим шуд.
Дар майдони бузурги қаъри хушкидаи баҳри Арал биёбони нав – Аралқум ба вуҷуд омад, ки масоҳати он зиёда аз 54 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои қиёс ин бо ҳудуди Хорватия баробар ва аз Эстония, Дания, Нидерландия ва Швейтсария хеле калонтар аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 13 март хабар дод, ки 12 март Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум бо роҳбарии раиси шаҳр ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Ба навиштаи ин манбаъ, зимни ҷаласа аз ҷумла Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва масъулин дастур доданд, ки баҳри истифодаи самараноки неруи барқ равшанидиҳии берунаи атрофи мактабу боғчаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, биноҳои баландошёна ва дигар корхонаю ташкилотҳоро тариқи батареяҳои офтобӣ ба роҳ монда, таъмини гармиро ҳангоми бунёди корхонаҳои саноатии бузург тариқи дегхонаҳои мухтор дар амал татбиқ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, баҳри дастрасии бемамонияти сокинон аз хизматрасониҳои об ва лифт дар ҳолатҳои фавқулодда ва насби дизел-генераторҳо дар биноҳои баландошёна дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумоари рӯзи 11 март мақолаи Бахтиёри Қутбиддин, доктори илми филология, декани факултети журналистикаи ДМТ-ро таҳти унвони “Матбуоти маҳаллӣ, публитсистика, ҳолат” чоп кардааст. Муаллиф дар ин мақола менависад, ки имрӯз бо назардошти маҳдудиятҳои табъу нашр ва тираж дар рӯзномаи маҳаллӣ бештар публитсистикаи сиёсию ахборӣ рушд кардааст, ки резакориҳои эҷодии маҳдудтар доранд.
Ба гуфтаи номбурда, ин омил ба сабқату рақобати васоити электронии ахбор ва матбуот низ вобаста аст, ки баъзе арзишҳои ҳунарӣ аз байн рафта, ҷои онро «таҳаввулоти ахборӣ ва маълумотӣ» гирифтааст.
Ба хулосаи муаллиф, авзои имрӯзаи матбуот, махсусан матбуоти маҳаллии кишвар, дар масъалаи корбасти публитсистикаи бадеӣ пурра мусбат нест. Ин, пеш аз ҳама, ба он марбут аст, ки хонандаи ин навъи эҷод торафт кам мегардад. Теъдоди аслии ин хонандагонро насли нисбатан калонсол ташкил медиҳанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 13 март хабар дод, ки дар шаҳри Ҳисор мактабе ба номи рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор гузошта мешавад. Ба навиштаи ҳафтанома, ин дастури раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик садо додааст. Қосим Роҳбар дар ҳузури рӯзноманигорону адибон изҳор дошт, ки номи рӯзноманигори зиндаёд Акбари Саттор дар муассисае, ки таҳсил намуд, муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 25-и деҳаи Мортеппа гузошта мешавад. Қосим Роҳбар ба масъулони комиссияи номгузории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастур додааст, ки лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор омода намоянд.
Аз моҳи ноябри соли 1994 то рӯзи вафот муассиси ҶДММ «Чархи гардун» буд, ки он ҳафт нашрия, аз ҷумла «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», «Авиценна», «Аладдин» ва «Дайджест пресс»-ро ба табъ мерасонид. Инчунин Акбари Саттор аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд. Акбари Саттор соли 2015 дар синни панҷоҳсолагӣ вафот кард.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 14 март масъалаи истифодаи Ҳуши маснуъӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф айни замон Ҳуши маснуъӣ барои рушди тиҷорат дар саросари ҷаҳон истифода мешавад. Соҳибкории тоҷик низ бо замона ҳамқадам буда, аллакай ширкатҳои дохилӣ хизматрасониҳоро бо истифода аз Ҳуши маснуъӣ пешниҳод мекунанд. Ба нувони мисол муаллиф менависад, ки ширкати Tcell, ёвари чатро дар WhatsApp-и барои КВД «Амонатбонк» дар шабакаи корпоративӣ роҳандозӣ кардааст. Бар асоси ин навоварӣ ҳоло барои гирифтани маслиҳат аз бонк танҳо ба он навиштан лозим асту халос. Алиҷон Салимзода раиси «Амонатбонк» ба «Азия-Плюс» гуфтааст, ки рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба авлавияти стратегии ин бонк табдил меёбад.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 14 март бо такя ба маълумоти Раёсати андози вилояти Суғд хабар дод, ба ҳолати 1-уми феврал ҳамагӣ 8 нафар блогерон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.
Ба навиштаи муаллиф, ҳаҷми маблағи андозҳои пардохтшуда аз ҷониби блогерони вилоят дар соли 2023 ба 25 ҳазору 500 сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбати соли қабл 13 ҳазору 500 сомонӣ бештар аст. Муаллиф таъкид мекунад, ки бидуни шак теъдоди сокинони вилояти Суғд, ки воқеан ба тиҷорати электронӣ машғуланд аз шумораи онҳое, ки дар қайди мақомоти ҳудудии андоз мебошанд, хеле фарқ мекунанд.
Бояд гуфт, ки тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон блогерон аз фаъолияти соҳибкории худ ба буҷети давлатӣ андози низоми содакардашуда, андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро бояд пардохт намоянд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”