Чанд рўз пеш мо дар бахши «Афкор»-и радиомаҷаллаи «Бозтоб» аз баҳси корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар робита ба фоизи баланди маблағҳои кредитӣ, ки бонкҳову ташкилотҳои молиявии кишвар ба шаҳрвандон пешниҳод мекунанд ва билохира ба муфлисшавии аксари қарзгирандаҳо сабаб мегардад, маълумот дода будем. Ҳоло яке аз мушкилии дигаре, ки пешорўйи муштариёни бонку ташкилотҳои молиявӣ қарор гирифта ва мавриди баҳси навбатии корбарон воқеъ гардидааст, интиқоли маблағ аз Федератсияи Русия бо доллари ИМА ва асъори худи ин кишвар ва бо пули сомонӣ дастрас гардидани он дар Тоҷикистон аст, ки ба қавли бисёре аз баҳскунандаҳо ин ҳаққу ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад. Ин баҳс дар пайи суоли яке аз корбарон бо исми Муминҷон, ки дар яке аз гуруҳҳои маъруфи шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузоштааст, сурат пазируфт. Суоли мазкур ин аст, ки «Чаро дар бонкҳои ҶT доллар ва рублҳои русии аз хориҷ ирсолкардаро бо пули сомонӣ медиҳанд? Агар аз ҳаққи худ дифоъ кардан хоҳем, кормандони бонку ташкилотҳо иброз медоранд, ки «доллар надорем, агар хоҳиши бо сомонӣ гирифтан дорӣ, бигир, агар бо асъори хориҷӣ дастрас кардан хоҳӣ, лозим аст, ки муддате интизор шавӣ. Ин ҳуқуқи моро, ки бонкҳову ташкилотҳои молияӣ поймол кардан доранд, кӣ назорат мекунад?»
Бону Абдураҳимова, яке аз истифодабарандагон, ки нахуст шуда, дар қисмати шарҳи ин матлаб изҳори назар кардааст, хитоб ба шахси ин суолро гузошта навиштааст: «Агар расиди дастрас кардаи шумо бо доллар бошад, чаро бо баргардони сомонӣ пулро мегиред ва имзо мегузоред? Онҳо бо ин роҳ хаққи мардумро поймол мекунанд ва шумо бошед, мусоидат мекунед!
Аз шарҳи корбари дигар бо исму насаби Нигина Муродова ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки чунин мушкилот дар бонкҳои Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ба қавли ин шаҳрванд, ки худро муштарии Ориёнбонк ва Спитаменбонк муаррифӣ кардааст, ҳар боре, ки бо мақсади дастрас кардани маблағи ирсолшуда дари ин бонкҳоро мекўбад, кормандон мепурсанд, ки: «доллар мегиред ё тоҷикӣ?» «Ҳар чизе, ки гуфтам ҳамонро медиҳанд. Агар надошта бошанд, мегӯянд, ки надорем»- афзудааст ин муаллиф.
Дар ин росто Абдураҳмон Назирматов воқеити дигарро иброз менамояд. Ба гуфтаи ў чанд шинос ва хешу табораш натавонистаанд маблағи бо асъори хориҷӣ равон кардаашонро бидуни мубодила бо асъори сомонӣ дастрас намоянд. Ў аз корбарони огоҳ хостааст, ки агар дар ин масъала роҳу воситае медонанд, ба мо иброз доранд.
Аммо Нигина Муродова, ҳамон истифодабарандае, ки дар шарҳи худ аз фаъолияти Ориёнбонку Спитаменбонк ситоиш намудааст, ҷойи дигар менависад: Дар масъалаи дастрас намудани маблағ бо миқдори кам, масалан 100 ё 200$ мушкилӣ вуҷуд надорад, аммо гап сари 1000 ё 2000$ равад, пўшида нест, ки баҳона пеш меоваранд.
Виркан Музаффарпур, яке аз мубоҳисон ва фаъоли иҷтимоӣ дар пайи ин баҳси корбарон гуфтааст: Дар тамоми дунё ҳамин хел аст, бо пули миллӣ медиҳанд! мувофиқи қурб. Доллар намедиҳанд дар дигар давлатҳо.
Абдурозиқ Азизов ҳам ин нуктаро баён кардааст: Дар тамоми дунё чунин низом ҷорист. Асъори хориҷии фиристодаро ҳатман бо пули миллии ҳамон давлат хоҳӣ гирифт.Ҳам фоизи бонк мешавад, ҳам эхтиром ба муомилоти дохилӣ.
Аммо алорағми ин навиштаҳо, саҳифае бо номи «Аҳли ҳикмат» овардааст: «Дурўғ нагўед, ин гуна шева дар ягон бонки кишварҳои дунё нест. Доллар хоҳӣ доллар, рубл хоҳӣ рубл медиҳанд.
Дар таъйиди ин гуфтаҳо Хурсандмурод Сангин ҳам иброз доштааст: Ҳама ҷо бо кадом асъоре, ки фиристед ҳамонро медиҳанд. Аз мо бошад, ба таври иҷборӣ бо пули миллӣ, боз бо арзиши хеле пасттар аз бозор. Сараввал ироъа шуда буд, ки мақсад аз ин кор устувор нигоҳ доштани пули миллӣ аст, аммо баъдтар маълум шуд, ки ин як роҳи дигари даромад асту бас.
Латиф Шарифов, яке аз иштирокдорони ин баҳс қисса кардааст: Ман ба ба ҳамин ҳолат дучор шудам. Дар бонке, ки пулро интиқол дода будам, рафта шикоят кардам, ки дар фалон бонк дар Тоҷикистон намехоҳанд пули маро бо доллар диҳанд. Баъд аз як соат худи онҳо занг зада, гуфтанд, ки омада пулатонро гиред.
Рустам Назарзода, вобаста ба ҳамин паҳлуи масъала чунин арз доштааст: Дар баъзе давлатҳо шояд чунин низом то ба ҳол ҷорӣ бошад, масалан дар Туркманистон. Дар дигар кишварҳо дар нуқтаҳои зиёди мубодилаи асъор, бо шумули бонкҳо ба осонӣ метавонӣ асъори хориҷиро ба даст орӣ. Қурби расмӣ бошад, аз қурби нуқтаҳои дигар (ё “бозорҳои сиёҳ”) анқариб аз ҳам фарқ намекунанд!
Султонмурод Қурбонов, яке аз мубоҳисон чунин таҳлил кардааст: Марде 1200$ қарздор асту фарзандонаш, ки дар мухоҷиратанд, ин миқдор пулро бо асъори хориҷӣ мефиристанд. Ба ў дар бонк асъори сомонӣ бо қурби расмӣ пардохт мекунанд. Мард дубора бо қурби бозорӣ асъор мехарад ва қарзашро пардохт мекунад, дар натиҷа кариб 200$ зарар мебинад.
Раҳмон Раҳимбеков, як иштирокдор дар хотимаи баҳси мазкур навиштааст: Воқеан дарёфти доллар барои бонку ташкилотҳои молиявии дар Тоҷикистон буда мушкил аст, чунки мо содироти мол ба хориҷ кам дорем ва воридоти доллар ба Тоҷикистон ба маротиб камтар аз талаботи мардум аст.
Хидирназаров Дилшод
Радиои Тоҷикистон