Давоми моҳи сентбри соли ҷорӣ сарфи назар аз ҳама мушкилоти объективии замон, Тоҷикистону Узбекистон тавонистанд натанҳо ҷараёни мусбати муносибатҳояшонро нигоҳ доранд, балки бо вохӯрию мулоқотҳои ҳузурии ҳайатҳои аз кишвари ҳамсоя омада ва расидан ба созишҳои зарурӣ саҳифаҳои навро дар муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар бознамоянд.
Ахиран, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов 29 сентябр ҷиҳати ширкат дар 7-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард. Сарвазири мамлакати ҳамсоя як ҳайати баландмақоми Узбекистонро роҳбарӣ менамуд, ки барои мулоқоту дидор бо ҳамтоёни тоҷикашон омада буданд. Аз ин пеш, барои баргузории нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳайати намояндагии парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе ташриф оварда буданд. Ҳамин тавр, давоми моҳи сентбр чандин ҳайат аз давлати Ӯзбекистон ба кишвари мо омада, масоили гуногуне дар арсаҳои сиёсат, иқтисод, амният, фарҳанг ва амсоли инҳо баррасӣ шудд. , заминаи мусоиде барои ҳамкориҳои минбаъда гузоштанд. Ба ин далел коршиносон моҳи сентбрро “моҳи Ӯзбекситон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон” донистанд.
Дар инфографикаи поён натиҷаи амалии рушди муносибатҳои ду кишвар дар чанд соли ахир нишон дода мешавад.