ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАТБУОТ

Матбуот барои эҳёи руҳияву тафаккури истиқлолхоҳӣ, соҳибдавлатӣ, расидан ба ормонҳои миллӣ ва бузургдошти арзишҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ва ин саҳми матбуот дар таърихи миллати мо сабт аст. Дар навбати худ истиқлолият барои пешрфту рушди расонаҳо, хоса матбуот нақш гузоштаву заминаҳо ба вуҷуд овардааст. Маҳз истиқлолият имкон дод, ки ҷашни матбуот ҳамасола дар рӯзи 11 март (ба ифтихори рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи аввалини тоҷикӣ «Бухорои шариф» — 11 марти соли 1912) дар сатҳи баланд таҷлил гардад. Нашрияи «Бухорои шариф» пойдевор ё худ нахустсаҳифаи на танҳо матбуот, балки тамоми ВАО-и тоҷик аст. Ҳамин аст, ки ҷашни касбии рӯзноманигорони тоҷик ба рӯзи нашри шумораи нахустини ин нашрия тавъам аст.

Метавон гуфт, ки орзуву омоле, ки мубтакирони нахустнашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» дар дил мепарвариданд, баъди чандин даҳсолаҳо ҷомаи амал пӯшид. Яъне миллати тоҷик дар охирин даҳаи асри 20 ба марҳилаи нави таърихи худ ворид гардид, ки он ба истиқлолияти комили сиёсии давлати тоҷикон рабт мегирад. Масири истиқлолияти кишварро бидуни фаъолияти ВАО наметавон тасаввур кард. Дар чунин шароите ки муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ ҳамчун як рукни ҷаҳонишавӣ амал мекунанд, нақши расонаҳо дар ташаккули афкори омма барои муқовимат ба арзишҳои бегона, устуворӣ дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид таъкид карданд: «Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаи шабакаҳои иттилоотӣзиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба шумор меравад.»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои фаъолият ба ҳайси роҳбари кишвар таваҷҷӯҳ ва муносибати хос ба фаъолияти ВАО ва озодии баён дошта, дар ин роҳ иқдомоту талошҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Мантиқист, агар гӯем, ки тамоми дастовардҳои ҷомеаи имрӯзаи мо дар самти фаъолияти густурдаи расонаҳо ва озодии баён комилан ба иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат марбут аст. Аз нахустин қадамҳои роҳбарӣ Сарвари давлат талош карданд, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО фароҳам оварда шаванд. Дар ин росто даҳҳо асноди ҳуқуқӣ, аз ҷумла қарору қонунҳо, амру фармонҳо ба тасвиб расиданд, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти расонаҳоро танзим мекунанд ва бо назардошти талаботи замон такмил меёбанд. Ва ҳамаи ин аснод дар такя ба санади олии ҳуқуқии кишвар – Конститутсия рӯйи кор омадаанд. Арзишҳои умумибашарие, аз қабили озодии баён, ошкорбаёнӣ ва гуногунандешӣ ба маънии ҳақиқӣ ба ВАО-и мо маҳз дар замони истиқлолият роҳ ёфтанд ва баёнгари устувории кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ мебошанд. Муҳимтар аз ҳама сензура аз байн рафта, фаъолияти расонаҳо танҳо дар асоси қонунҳо танзим мешавад. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар доираи принсипҳои ҳақиқатбаёниву воқеънигорӣ дар роҳи таъмини озодии баён ва таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки талаботҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, фаъолият карда истодаанд.

Маҳз истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имкон дод, ки журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор рушд намояд. Агар дар соли соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла (аз ҷумла 4 рӯзномаи хусусӣ) вуҷуд дошта бошад, пас имрӯз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ беш аз 400 нашрияву маҷалла қайд шудаанд, ки бештари онҳо мустақиланд. Аммо таъкиди Пешвои миллат тафриқаро аз миён мебардорад: “Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.”

Аз нигоҳи мӯҳтаво нашрияҳоро метавон ба сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабӣ, маърифатӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, ҳизбӣ, соҳавӣ, барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва гайра, аз нигоҳи фарогирии ҷуғрофӣ ба умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ҷудо кард. Яъне тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба матбуоти ба худашон нигаронидашуда дастрасӣ доранд. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат барои рушди матбуот шароити мусоидро фароҳам сохтааст.

Имрӯзҳо дастрасӣ ба иттилоот тариқи технологияҳои нави иттилоотиву иртиботӣ як ҷузъи муҳими рӯзгори мардум гардидааст, ки интернет аз чунин имкониятҳост. Тибқи омори расмӣ, беш аз нисфи сокинони мамлакатамон аз шабакаи интернет истифода мебаранд. Рушди рӯзафзуни технологияи иттилоотиву иртиботӣ низ самараи сиёсати созандаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меваи истиқлол буда, дар ин самт иқдомҳои ҳукумати кишвар натиҷаи дилхоҳ овардаанд. Қариб тамоми нашрияҳои ҷумҳуриявӣ (ҳам давлативу ҳам ғайриҳукуматӣ) сайтҳои интернетии худро доранд. Матбуоти мо бо доштани сайтҳои интернетӣ аудиторияи худро тавсеа бахшида, ба он наздиктар мешавад.

Ҳоло матбуоти тоҷик дар низоми воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ҷойгоҳи хос дошта, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ, устувор шудани пояҳои давлатдорӣ дар марҳилаи нави миллатсозиву давлатсозии мо нақши босазо дорад.

Сангин ГУЛЗОД,

устоди ДМТ