КҲФ: Наҷоти зани 59-сола, ки пояш дар панҷараҳои оҳании ҷӯйбор дармонда буд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки 23 феврали соли 2024 ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар наздикии ширкати телевизионии «Варзиш», ки дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии пойтахт воқеъ мебошад, як зан ба кумак ниёз дорад.

Дастаи навбатдорони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе чун ба ҷойи ҳодиса расид, маълум кард, ки як зани 59-сола сокини пойтахти кишвар вақти ҷаҳидан аз болои ҷӯйи обгузар аз беэҳтиётӣ пояш дар панҷараҳои оҳанӣ дармондааст.

Имдодгарон бо ёрии таҷҳизоти техникии махсус панҷараҳоро бо эҳтиёт боз карданд ва пойи хонумро аз он раҳо сохтанд.

Ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонданд. Вале ӯ аз бистарӣ шудан дар беморхона даст кашид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунанд ҳангоми гузар аз ҷуйбору каналҳо эҳтиёт кунанд. Роҳро аз ҷойе убур кунанд, ки имконпазиру бехатар аст.