20 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфтааст.
Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода, менависад, ки зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.