20 феврали соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок мулоқот намудааст.
Дар ин бора шуъбаи матбуоти БМТ хабар дода, менависад, ки дар рафти суҳбат, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид, ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат ва имкониятҳои сармоягузорӣ, инчунин дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Корея табодули назар карданд.
ба иттилои манбаъ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон саҳми Ҷумҳурии Кореяро дар рушди иқтидори низоми бонкии мамлакат чашмрас арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки солҳои охир соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, инфрасохтор, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, кумаки гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳамкории Тоҷикистон ва Корея авлавият пайдо карда истодаанд. Аз ҷумла, соли 2023 Бонки Корея ва Вазорати иқтисод ва молияи Корея дар самти рушди молиявӣ дар Осиё ва Корея, суботи молиявӣ, таҳкими неруи рақамӣ дар рушди бозори сармоя ва инкишофи иқтисодӣ дар давраи пасазковидӣ, аудити дохилӣ ва гузариш ба иқтисоди сабз чорабиниҳои таълимию омӯзишӣ ташкил намуданд, ки дар он кормандони Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуда, дониши худро сайқал доданд.
Изҳори умед карда шудааст, ки ҳамкорӣ дар самти мазкур минбаъд низ идома ёфта, теъдоди ҳарчи бештари кормандони бонкҳои кишвари мо имкон пайдо мекунанд аз таҷрибаи ҳамтоёни кореягии худ бархурдор гарданд. Зеро, роҳандозии чунин чорабиниҳои таълимӣ дараҷаи тахассусии кормандонро боло бурда, дар навбати худ ба рушди низоми бонкӣ мусоидат мекунад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок дар навбати худ қайд кардааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд бо Ҷумҳурии Корея ҳавасманд мебошанд ва ба имзо расидани лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои тарафайн шаҳодат медиҳад.
Сипас, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонкҳои Ҷумҳурии Корея ва дар ин замина кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ изҳор дошта, илова намуданд, ки тадбири мазкур саривақтӣ буда, барои рушди иқтисоди тарафҳо таъсири мусбат мерасонад.