Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка бахшида ба 31-солагии Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид

Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ бахшида ба 31-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Мусобиқаи мазкур аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш роҳандозӣ гардида, дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо оид ба футболи хурд ба 6 гурӯҳ дар таркиби шашдастаӣ тақсим шудаанд. Аз ҳамаи гурӯҳҳо ду дастаӣ ва 4 дастаи беҳтарини зинаи сеюми гурӯҳҳо ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд.

Дастаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур ширкат меварзад. Тибқи тақсимбандии бозиҳо дастаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи рушди маҳал ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рақобат хоҳад кард.