Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлол ва рушди забони модарӣ” баргузор гардид. Дар конференсия забоншиносон, олимону донишмандон ва профессорони соҳаи забон иштирок карда, дар масъалаҳои гуногуни алоқаманд ба забони модарӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Дар оғози конференсия раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода суханронӣ карда, иброз намуд, ки забон муқаддасот ва шиносномаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, пос доштан ва қадр кардани забон ин эҳтиром гузоштан ба миллату давлат мебошад, – илова намуд, Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Дар идомаи канференсия Сайфиддин Назарзода доктори илми филология дар мавзуи “Нақши фарҳангҳои истилоҳоти соҳавӣ ва тахассусӣ дар рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ” маърӯза хонда, қайд намуд, ки яке аз мушкилоти асосии истилоҳоти соҳавӣ ин надонистани мавқеи истилоҳот дар истифодаи як соҳаи муайян аст. Ба гуфтаи ӯ дар истилоҳсозӣ як вожа дар чанд маврид истифода мешавад. Бинобар ин, мо бояд талош намоем, ки истилоҳоти илмии мо дар асоси забони миллиамон сохта шавад.
Ҳамчунин дар конференсия Мушаррафа Ҷураева, доктори илми филология дар мавзуи “Баъзе мулоҳизаҳо оид ба забони воситаҳои ахбори омма” маъруза хонда, гуфт, ки журналистон дар оммавӣ гардонидани забон нақши муҳим доранд. Аз ин хотир, онҳоро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи мавод ба маънои аслии калимаҳо ва замонбандии феълҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Дар анҷоми конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Истиқлол ва рушди забони модарӣ” миёни иштирокчиёни он музокираҳои судманд дар робита ба забони модарӣ сурат гирифт.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”