Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи Муҳамадҷон Осимӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Артиши миллии Точикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Зимни баромад масъулини Донишгоҳ ва собиқадарон бо ёдоварӣ аз роҳи таърихии Артиши миллӣ нақши онро дар ҳифзи марзу буми Ватан барҷаста маънидод карданд. Дар ҳамоиши идона, ҳайати устодону донишҷӯён ва собиқадорон аз Вазорати мудофиаи кишвар ва дигар сохторҳои мамлакат ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ муовини аввали ректор оид ба корҳои таълимӣ Тоҳир Маҷидзода изҳор дошт, ки артиши миллӣ яке аз унсурҳои давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳимояи ҳар як давлат мебошад. Ба гуфтаи ӯ мустаҳкам намудани иқтидорҳои мудофиавии кишвар зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо сайъу талошҳои раҳбарияти олии мамлакат тӯли 31 соли таъсиси артиш, иқтидорҳои мудофиавии мамлакат боз ҳам таҳким ёфтаанд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”