Имрӯз дастаи бонувони Кумитаи телевизион ва радио бо номи “Садо ва Симо” оид ба волейбол дар бозии нахустини хеш барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба “Рӯзи модар” бар дастаи бонувони Вазорати нақлиёт ғалаба ба даст овард.
Ин бозӣ бо натиҷаи 2/0 ба суди дастаи бонувони Кумитаи ТВ ва радио бо номи “Садо ва Симо” оид ба волейбол поён ёфта, бозии дуюм санаи 22 феврал бо дастаи бонувони Вазорати корҳои дохилӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи бонувони Кумитаи телевизион ва радио бо номи “Садо ва Симо” оид ба волейбол дар доираи мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои ВКМБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба “Рӯзи модар” дар гурӯҳи “А” бозиҳои худро идома медиҳад.