БАРОРИШИ АВВАЛИН ВОМБАРГҲОИ САБЗ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОҒОЗ ШУД

Санаи 15 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин барориши вомбаргҳои сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ бо суханони ифтитоҳӣ Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н., Раиси Шӯрои нозирони ҶСК “Бонки Эсхата” Райнер Мюллер-Ҳанке ва менеҷери минтақавии Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар ҶТ Ҳошимов З., баромад намуданд.

Зикр гардидааст, ки барориши аввалини вомбаргҳои “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, инчунин ҷиҳати татбиқи саривақтии Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037, ки бо мақсади рушди иқтисоди “сабз”, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармоя таҳия гардидааст, дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата” ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), амалӣ карда мешавад.

Вазири молия айзиддин Қаҳхорзода қайд кардааст, ки: “Мо аҳамияти муҳими устувории экологӣ ва зарурати фаврии ҳалли тағйирёбии иқлимро дарк мекунем. Кишвари мо, мисли бисёр дигар кишварҳо, бо мушкилоти марбут ба тағирёбии муҳити зист, камшавии захираҳо ва хатарҳои вобаста ба иқлим рӯбарӯ аст. Бо вуҷуди ин, мо инчунин имкониятҳои бузургро барои қабули таҷрибаҳои устувор ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ мебинем, ки дар як вақт ҳам инклюзивӣ ва ҳам аз ҷиҳати экологӣ масъул аст.

Дар ҳамин ҳол Раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс қайд кард, ки маблағҳое, ки тавассути ин ташаббус ҷалб мешаванд, барои лоиҳаҳои маблағгузории энергияи барқароршаванда, самаранокии энергия, кишоварзии устувор, идоракунии партовҳо ва дигар талошҳои ҳифзи муҳити зист истифода мешаванд. Ин лоиҳаҳо на танҳо ҷойҳои корӣ эҷод мекунанд, балки инчунин ба коҳиш додани ихроҷи гази карбон ва коҳиш додани тағирёбии иқлим мусоидат менамоянд.

“Илова бар ин, барориши маблағгузории корпоративии “сабз” аз ӯҳдадории Тоҷикистон ба ҳадафҳои байналмилалии иқлим ва иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи Париж таъкид мекунад. Бо ҳамоҳангсозии фаъолияти молиявӣ бо стандартҳои ҷаҳонии рушди устувор, мо ҷомеаи ҷаҳониро оиди ҷиддӣ будани муносибати Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва бунёди ояндаи устувор хабардор месозем.”- иброз дошт Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат дар суҳбат бо Радиои Тоҷикистон.

Боиси зикр аст, ки дар чорабинӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки Бонки Эсхата кӯшиш мекунад, ки иқтидори молиявиро барои бунёди ояндаи аз ҷиҳати экологӣ устувор истифода бурда, на танҳо ба самаранокии иқтисодӣ, балки ба таъсири экологии лоиҳаҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намояд.

ФИРДАВСИ НИЗОМ,

РАДИОИ ТОҶИКИСТОН