Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири маориф ва илм иброз намуд, ки ҳадафи асосии вохӯрии имрӯза андешидани тадбирҳои дахлдор барои беҳтар намудани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки дар раванди ҳамкории байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб дониста, бо техника ва технологияи ҳозиразамон шинос ҳастанд, меафзояд. Бинобар ин андешидани тадбирҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои нави таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои лингафонӣ, аз даврҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, ба таври фаврӣ ташкили маҳфилҳои забондонӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, беҳтар намудани фаъолияти марказҳои таҳсилоти иловагиро вобаста ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ва ташкили гурӯҳҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин ҳисобид.
Дар баробари ин тасмим гирифта шудааст, ки таклифу пешниҳодҳои омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ зимни машғулияти дарсӣ истифода шаванд.
Сипас аз ҷониби ҳозирин дар мавриди нашри бештари фарҳангу муҳовараҳо ва китобҳои бадеӣ бо забонҳои русиву англисӣ, нашри китобчаҳои ҳаҷман хурд барои хонандагони синфҳои поёнӣ, такмил додани методикаи таълими фанҳои забонҳои русиву англисӣ дар мавриди истифодаи барзиёди қоидаҳои грамматикӣ, амалӣ намудани ҳамкорӣ бо волидайни хонандагон, таҳияи китобҳои дарсии насли нав, ҷорӣ намудани имтиҳонҳои хаттиву шифоҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таклифҳо пешниҳод шуданд.
Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ин пешниҳодҳоро ба инобат гирифта, онҳоро минбаъд зимни таълими забонҳои русӣ ва англисӣ мавриди истифода қарор медиҳад.