13447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст

Ориф Хоҷазода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии зимни нишасти матбуотӣ ба кормандони ВАО иттилоъ дод, ки дар соли 2023 ‌13447 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 824 ҳолат зиёд мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 11389 қарор қабул гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2022, 369 адад зиёд мебошад.

Барои додани баҳои ҳуқуқӣ бошад 901 мавод ба прокуратура ва 872 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шудааст.

Муҷиддини САЙФИДДИН,

радиои “Тоҷикистон”