Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар соли 2023 ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 23 ҳазор тонна гандум ворид шуда, ҳарчанд нисбат ба соли 2022 2,8 фоиз коҳиш ёфт, аммо арзиши он 49 доллар барои як тонна боло рафт, – гуфт муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Курбонзода. Ҳамчунин истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ ба 861 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 20, 3 фоиз зиёд мебошад ва ин боис ба коҳишёбии воридоти гандум гардидааст.
Дар баробари ин 56,7 ҳазор тонна орд ба кишвар аз нуктаҳои гумрукӣ ворид шуд, ки арзишаш 59 доллар барои як тонна ва воридоташ 19,8 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии орди воридшуда ба Чумҳурии Казоқистон (93,4 %), Федератсияи Россия ( 6, 51%) рост меояд. Дар баробари ин дар корхонаҳои ватанӣ 605,6 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки ҳаҷми он 7,6 тонна зиёдтар аст. Ин ҳама аз бештар гардидани маҳсулоти воридотивазкунанда дар ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
Махсулоти дигари ниёзи аввалия – равѓани растанӣ буда, нархи миёнаи воридотии он 310 доллари амрикоӣ барои як тонна коҳиш ёфта, истеҳсоли ин намуди маҳсулот дар корхонаҳои равғанбарории мамлакат 2,7 фоиз афзудааст.
Равғани воридгардида 71,8% ба Ҷумҳурии Казоқистон, 24,8 % ба Федератсияи Россия ва 3,4% ба дигар давлатҳо рост меояд.
Истеҳсоли тухм бошад дар ҷумхурӣ 0,95 % коҳиш ёфта¸воридоташ 50 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин аз бештар гардидани талабот дар бозори истеъмолӣ аст. Хушбахтона, истеҳсоли гушти мурѓ аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ 9,4 % афзоиш ёфта, 15,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Шоистаи Аҳмад