Хадамоти иҷро 40 655 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро баррасӣ кардааст

Дар соли 2023, 40 655 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор гирифтаад, ки аз ин шумора 38 055 ададашро санадҳои судӣ, санадҳоӣ мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ин ниҳод Барно Саидвализода ба рӯзноманигорон иттиллоъ дод. 

Ҳамчунин илова гардид, ки ба татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 31 741 ҳуҷҷатҳои иҷро ё 83,4% ба маблағи 113 млн сомонӣ, 480 ҳазор доллари ИМА, 13 млн 300 ҳазор рубли Ҷумҳурии Белорус, 114 ҳазор тенгеи Ҷумҳурии Қазоқистон, ва 896 рубли Федератсия Россия таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022 иҷрои воқеӣ аз рӯи шумора ба 1,1% ва аз рӯи маблағҳои руёнидашуда ба 27 млн 200 ҳазор сомонӣ ва дигар асъори хориҷӣ зиёд ситонида шудааст. Аз ин шумора ба манфиати давлат 19 322 ҳуҷҷатҳои иҷро ворид гардида, 56 млн сомонӣ ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 22 млн 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Рустами Зоир,

радиои “Тоҷикистон”