Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бо иштироки намояндагони ВАО вобастаи ба ҷамъбасти фаъолятии ин марказ дар соли 2023 нишасти матбуотӣ доир гардид.
Хайриддин Усмонзода директори МТС зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар соли 2023 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бештар аз 240 адад маводи таҳлилӣ ва машваратию иттилоотӣ омода намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Ҳукумати ҶТ ва Шӯрои амният ирсол кардааст.
Дар баробари ин МТС бо марказҳои зеҳнии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкории густурда дошта, танҳо дар соли 2023 кормандони марказ бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар чорабиниҳои марказҳои зеҳнии кишварҳои хориҷ 30 сафари корӣ анҷом додаанд, – гуфт Хайриддин Усмонзода директори МТС. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки МТС аллакай бо марказҳои зеҳнии 5 кишвари дигар аз ҷумла кишварҳои шарқи наздик ва қафқоз ёддошти тафоҳум омода карда, қарор аст моҳҳои наздик онҳоро ба имзо расонад.
Хайриддин Усмонзода, директори МТС сабаби аз фаъолият боз мондани 550 корхонаи саноатиро дар соли 2023 ба омилҳои гуногун рабт дод. Ба қавли ӯ як қисми корхонаҳои номбаршуда хусусияти мавсимӣ доранд ва қисми дигар ҷиҳати дастрасӣ ба содироти маводе, ки ба хориҷи кишварамон анҷом медиҳанд, мушкилӣ доранд, вале бо вуҷуди ин сол то сол иқтидори корхонаҳои саноатии кишварамон зиёд гардида, аз ҳисоби ин корхонаҳо танҳо дар соли 2023 бештар аз 53 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил шудааст, – гуфт Хайриддин Усмонзода, директори МТС.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта шуд, ки баъд аз ҶМ Чин ҶТ ҳамкориҳои иқтисодии худро бештар бо кишварҳои минтақа ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар соли 2023 гардиши молу коло байни ҶТ ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,5 миллиард доларро ташкил дод. Ҳамзамон гардиши молу коло миёни ҶТ ва Ҷ Ӯзбекистон низ зиёд гардида, корхонаҳои муштарак сохта ва ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“