Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 31 январ мақолае бо номи “Конибодом. Корхонаи машҳури равғанбарорӣ кай эҳё мешавад?” чоп карда, менависад, бархе корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ғайридавлатӣ шуда, аз фаъолият бозмонданд.
Ба навиштаи муаллиф, аз ҷумла корхонаи равғанбарории “Ассор”-и шаҳри Конибодом дар радифи ҳамин корхонаҳои бузурги аз фаъолият бозмонда қарор дорад, ки аз хусусигардонии он зиёда аз 15 сол сипарӣ шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Карим Кенҷаев собиқ раҳбари корхонаи мазкур, дар гузашта корхонаи дар як шабонарӯз то 500 тонна чигитро коркард намуда, ҳамасола зиёда аз 20 ҳазор тонна равған истеҳсол мекард ва 1,5 ҳазор нафар коргари маҳаллӣ дошт.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2022 дастур дода буданд, ки дар баробари дигар корхонаҳои истеҳсоли равған, корхонаи “Ассор” низ аз нав эҳё ва ё навсозӣ шуда, истеҳсолоти маҳсулотро ба роҳ монад. Аз ин дастур як сол гузашт, аммо дар корхона ҳеҷ пешравӣ ба назар намерасад.
Рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 29 январ мақолае бо номи “Офтоб — энергияи тоза ва тамомнашаванда” нашр карда, менависад, ки тибқи ҳисоби олимон энергияи 18 рӯзи офтобӣ ба энергияи якҷояи тамоми захираҳои нефту ангиштсангу гази табиии сайёра баробар аст.
Дар идома зикр мешавад, ки тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар як сол иқтидори гидроэнергетикии кишвар 527 миллиард кВт. соат, нурафкании офтоб — 3 ҳазор миллиард кВт. соат, энергияи бод — аз 25 то 150 миллиард кВт. соат, энергияи геотермалӣ — 450 миллиард кВт. соат ва энергияи биомасса – 2 миллиард кВт. соатро ташкил медиҳад.
Муаллиф хотиррасон мекунад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ дастур доданд, ки ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобию бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 январ мақолаи академик, доктори илми бостоншиносӣ Юсуфшоҳи Ёқубшоҳро зери унвони “Истиқлолият маркази ноҳияҳоро ба шаҳр табдил дод” чоп кардааст. Академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ дар ин мақола мегӯяд, ки ба шарофати соҳибистиқии Тоҷикистон, кӯшишҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллат ва рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва меъморӣ маркази ноҳияҳои кишвар ба шаҳр табдил шудаанд.
Бо назардошти ин, муаллиф бо такя ба осори маъхазҳои таърихӣ навиштааст, ки имрӯз ҷойномҳо ба монанди ёдгориҳои бостонӣ зарурати ҳифз намуданро доранд.
Ба унвони мисол академик Юсуфшоҳи Ёқубшоҳ мегӯяд, ки дар гузашта Шаҳринав Аҳурон ном дошт ва марказаш Ҳамоварон буд. Дар «Шоҳнома» номи Ҳамоварон ёд мешавад. Муаллиф меафзояд, ки маркази Ҳисор бояд шаҳри Шиман номида шавад, зеро вожаи Шиман дар Авесто ёд мешавад ва маънояш баландии равшан мебошад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 31 январ масъалаи чорводорӣ дар маҳалаҳои нави шаҳри Душанберо, ки қаблан ба ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ шомил буданд, матраҳ кардааст.
Сокинони ин маҳалаҳо, ки соли 2021 ба пойтахт шомил шуданд, шикоят аз он доранд, ки мақомоти шаҳрдорӣ аз онҳо талаб кардаанд, то чорводориву парандапарвариро қатъ кунанд.
Амммо аксари сокинони маҳалаҳои нави пойтахт мегӯянд, ки чорводорӣ ягона манбаи даромади онҳо маҳсуб мешавад. Хотиррасон мекунем, ки соли 2021 беш аз 7 ҳзаор гектар замин ва 70 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави шаҳри Душанбе шомил карда шуданд. Ҳамакнун сокинони ин маҳалаҳо ҳаққи човордорӣ ва парандапарвариро надоранд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 1 феврал бо нашри матлабе навишт, ки Тоҷикистон метавонад дар истеҳсоли сурма дар ҷаҳон рақами як шавад.
Муаллиф аз қавли Илҳом Оймуҳаммадзода сардори Сарраёсати геологияи Ҳукумати Тоҷикистон навишт, ки дар ҳудуди Мастчоҳи кӯҳӣ конҳои нави сурма дар минтақаи “Ривути боло” кашф шудааст. Дар идома таъкид мешавад, ки захираҳои сурма дар Тоҷикистон тақрибан 600 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.
Тоҷикистон аз рӯи захираҳои кашфшудаи сурма ва истихроҷи он дар ҷаҳон се баробар ҷойро ишғол мекунад ва дар байни кишварҳои ИДМ — дар мақоми аввал қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти хадамоти гумруки Тоҷикистон дар соли 2022 содироти сурма аз кишвар дар ҳаҷми 9,3 ҳазор тонна ба маблағи 102,3 миллион доллар ва дар соли 2023 зиёда аз 10,6 ҳазор тонна ба маблағи тақрибан 107 миллион доллар ба хориҷа содир шуд.
Нашрияи ҷамъиятиву сиёсии “Пайк” дар шумораи рӯзи 1 феврал муҳимтарин нукот аз нишасти матбуотии фурӯдгоҳи байналмилалии Кӯлобро баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи Нуралӣ Ҳомидзода раҳбари ин фурӯдгоҳ, дар соли 2023 шумораи мусофирони фурӯдгоҳи байналмилалии Кӯлоб 88,3 % коҳиш ёфт. Инчунин дар соли гузашта шумораи хатсайрҳои хизматрасонидашуда дар ин фурӯдгоҳ низ 88 парвоз кам шуд.
Дар баробари ин нашрия дар ин матлаб аз ҷой доштани ҳолатҳои гум шудан ва ё дуздии ашёи ҷузвдонҳои мусофирон дар фурӯдгоҳи Кӯлоб интиқод кардааст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”