Бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Барномаи алтернативии такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак, Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаи муайян намудани мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ ва Тартиби дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд таҳия карда шудааст.
Ин маълумот дар нишасти матуботии Вазорати маориф ва илм ба рӯзноманигорон ироа гардида, гуфта шуд, ки айни ҳол дар самти томактабӣ 2 барномаи давлатӣ амалӣ гардида, дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар доираи амалишавии барномаҳо заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ сифатан беҳтар шудааст.
Ба маълумоти ин вазорат дар соли 2023 теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар онҳо 104921 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 10 муассиса ва 2396 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар робита ба амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2020-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2381 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 96546 кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 270 марказ ва 27655 кӯдак зиёд мебошад. Имсол шумораи гурӯҳҳои инкишофи кӯдак ба 4527 гурӯҳ расонида шуд.