Чанд мактабу ҷои нишаст дар соли 2023 сохта шудааст?

Дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 45 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матуботии Вазорати маориф ва илм ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд.

Бино ба оморҳои ин Вазорат дар муқоиса ба соли 2022 ин шумора бештар аст. Дар соли 2022 ин нишондиҳандаҳо 199 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 44 910 ҷойи нишастро ташкил медод.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 36 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 124 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ гардид. Инчунин, дар доираи барномаи мазкур сохтмону азнавсозии 84 иншооти дигар барои 21884 ҷойи нишаст идома дорад.