Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуоти оид ба ҷамъбасти фаъоляти нимсолаи дуюми донишгоҳи мазкур дар соли 2023, баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо вобаста ба имкониятҳои нави таълим ва имомузӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли 2024 ният дорад, ки сатҳи некуаҳолии кормандонро баланд бардорад, барои ояндаи донишгоҳ кадрҳо ва мутахасисон омода намояд ва донишу малакаи донишҷӯёнашро дар самти донистани илмҳои дақиқ боло барад. Ин нуктаро Файзулло Машраб Ректори донишгоҳи мазкур имрӯз зимни нишасти хабарӣ эълон дошт.
Ба гуфтаи Ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Файзулло Машраб ҳамасола қариб 81 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ соҳиби кор мегарданд. Айни замон мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми ҶТ донишҷӯёни курси чоруми ихтисосҳои омузгории мо дар тамоми мактабҳои шаҳри Душанбе ба кор ҷалб гардидаанд – илова намуд гуфтаи Файзулло Машраб ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.
Дар идомаи нишаст Файзулло Машраб ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гуфт, ки соли 2023 нақшаи қабули донишҷӯён дар ин донишгоҳ 90 дар сад иҷро гардида, 6 ихтисоси нав таъсис дода шуд, ки яке аз онҳо дар зинаи магистратура ва боқимонда дар зинаи бакалавр мебошанд. Ба таъкиди ӯ Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар соли 2023 ягона донишгоҳе маъсуб меёфт, ки нақшаи қабули магистронашро 70 дар сад иҷро кард. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар донишгоҳи мо имкони таҳсили ғоибонаи магистрантон вуҷуд дорад, ки дар дигар донишгоҳҳои тоҷикистон чунин имкон нест.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гуфта шуд, ки дар сурати зиёд шудани довталабони равияи журналистика Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия омода аст, ки факултаи журналистика ихтисос диҳад. “Аммо дар кафедраи журналистикаи донишгоҳ ҳамаги 20 нафар таҳсил доранду қисме аз онҳо ба дигар гуруҳҳо гузаштан мехоҳанд” – гуфт бо таассуф ректори ин донишгоҳ Файзулло Машраб.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”