Истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ дар соли 2023 21, млрд.861,3 млн. кВт. соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178, 8 милн. кВс ва нисбат ба соли гузашта 462,3 млн. кВс. ё 22 фоиз зиёд мебошад.
Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати эгергетика ва захираҳои оби кишвар, Вазири ин сохтор Далер Ҷумъа ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои якн аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетика ” Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″ , яъне диверсификатсикунонии иқтидорҳои истеҳсоли нерӯри баоқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ҳамкориҳо бо шарикони рушд ҷиҳати бунёд намудани неругоҳҳои барқии офтобӣ идома дода шуд.
Ба маълумоти роҳбарияти ин ниҳод дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурнаои солона 285, 7 ҳазор Гкал ё 23, 2% кам мебошад. Ҷамъоварии воқеии нерӯи барқ бе дарназардошти ҳисоббаробаркуниҳо дар соли 2023 ҳамагӣ 3 638, 4 милн. сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои буҷети ҷамъиятӣ 142, 2 млн. сомонӣ ё 3, 8% кам мебошад.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”