Ҷоми Осиё-2023: Қатар Лубнонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод

Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи “А” дастаҳоимунтахабиҚатар ва Лубнон бо ҳам вориди рақобат гардиданд.

Дар ин дидор футболбозони Қатар аз худ маҳорати баланд нишон дода, дастаи ҳарифро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд. Голи аввали бозиро ҳамлавари дастаи Қатар, Афиф. А дар охири қисмати аввали бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 45-ум ба самар расонида, ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаҳои аввали қисмати дуюм (дақиқаи 50) футболбози Қатар Абдулло. А голи дувумро ба самар расонида, ғалабаи ҳамдастаҳояшро дучанд намуд.

Ҳамин тавр, дар дақиқаи охирини қисмати асосии бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 90-ум ҳамлавари дастаи Қатар Афиф. А голи сеюми бозиро зада, “дубл” кард.  Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.