Ҷоми Осиё-2023: Рақобати Тоҷикистон бо Чин

Шоми имрӯз (13 01 24) дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи “А” бо тими милии Чин бозӣ менамояд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи шаҳри Доҳа баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, дастаи Тоҷикистон футболбозон Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони Ҷоми Осиё-2023 — тими миллии Қатар бозӣ анҷом медиҳад. Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22-юми январ бо дастаи яккачини Лубнон рақобат менамояд.

Бояд иброз намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.