“Тоҷикистон”: Сабаби асосии ифротӣ шудани ҷавонон дониши паст ва ҷаҳонбинии маҳдуд аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, масъалаи мубориза ва амалисозии чораҳои пешгирикунанда аз коррупсия дар ҷомеаи Тоҷикистон, нигарониҳо аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротӣ ва таҳавулоту ҳодисаҳои муҳими соли 2023 дар ҳаёти Тоҷикистон матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 январ дар мавриди натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон гузориши муфассал нашр кардааст.  Дар ин замина таъкид мешавад, ки зимни сафари босамари расмии Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар маҷмӯъ, 15 санади нави ҳамкориҳои байнипарламентӣ, байниминтақавӣ ва дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба имзо расид. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки байни соҳибкорони Эрону Тоҷикистон як қатор созишномаю шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Санадҳои баимзорасида бо мақсади густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, сохтмонӣ, маводи доруворӣ ва ғайра аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегиранд. Дар маҷмӯъ, барои амалисозии ин санадҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалб гардидани беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар дар назар аст.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Коррупсия. Аз заминаҳои ҳуқуқии муқовимат то тадбирҳои анҷомшуда” чоп карда навиштааст, ки сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ин ё он кишвар аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар як давлат вобастагӣ дорад. 

Муаллифи мақола Сулаймон Султонзода, раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъкид мекунад, ки  амалияи татбиқи санадҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҷрибаи давлатҳои пешқадами дунё аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шароити имрӯза муқовимат ба коррупсия бояд хусусият ва моҳияти дастаҷамъӣ дошта бошад.

Ба гуфтаи  Сулаймон Султонзода  танҳо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он басанда нест ва аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандиро низ зарур аст, ки бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муқовимат ба коррупсия саҳмгузор бошанд.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи номбурда, яке аз роҳҳои асосии иттилоотонии ҷомеа ин сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин мегардад. Бо назардошти ин, ба гуфтаи Сулаймонзода сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, ба ин васила, паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат заминаи мусоидро фароҳам меоваранд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 январ хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ду созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои сармоягузорӣ дар заминаи бунёди корхонаҳои саноатӣ баррасӣ ва тасвиб шуд.

Аз ҷумла, дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Арвис» бунёди силсилаи корхонаҳо барои коркарди нахи пахта то ба маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар  марҳилаи аввал иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5 500 тонна ришта (дар марҳилаи 2 — 10 800 тонна ришта), 3 600 тонна матои патдори рангуборшуда ва зиёда аз 1 000 000 дона маҳсулоти дӯзандагиро дар як сол ташкил медиҳад. Дар ин корхонаҳо  барои таъсиси зиёда аз 2 000 ҷойи кори доимӣ ва то 1 500 ҷойи кори мавсимӣ замина фароҳам мешавад.

Таъкид мешавад, ки лоиҳаи мазкур пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор амалӣ гардида,  дар марҳилаи якум 300 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мешавад. Маблағгузории марҳилаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳилаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 миллион сомониро ташкил дода, муҳлати амалишавии он 12 сол муқаррар шудааст.

Ҳамзамон дар ин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон вакилон аз лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Сантайлс» дар заминаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак ҷонбдорӣ карданд. Тибқи ин созишнома бунёди корхона бо ҷалби сармояи мустақим роҳандозӣ шуда, дар он 3 млн. метри мураббаъ маснуоти гилӣ, 3,5 млн. метри мураббаъ маснуоти сафолӣ, 40 ҳазор тонна маснуоти бетонӣ, 200 ҳазор метри мукааб маснуоти семент ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол мегардад.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ бунёд гардида, дар он зиёда аз 200 ҷойи корӣ таъсис мешавад.  Гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои ин лоиҳа 40 миллион доллар  буда, муҳлати амалишавии он 10 сол муқаррар гардидааст.

Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 январ хабар медиҳад, ки  давоми се соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон зиёда аз 657 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ин матлаб зикр мешавад, ки танҳо тавассути шартномаҳои басташуда дар доираи ҳамоиши сармоягузори «Помиринвест», зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ барои рушди вилоят равона шуд. Ҳамчунин, дар доираи чорабиниҳои таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон  дар вилоят зиёда аз 260 иншоот ба истифода дода шуда, дар чаҳорчӯбаи эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бошад, 51 иншооти саноатӣ бунёд гардидааст.

Дар идома гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон сохтмони иншооти стратегӣ: бунёди қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ,  аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, пули калони нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ ва НБО «Себзор», ба маблағи умумии 3,5 млрд. сомонӣ бомаром идома дорад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 10 январ бо нашри матлабе ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро ҷавонони тоҷик интиҳорӣ мешаванд?

Саъди Ворисов коршиноси масоили динӣ бар ин назар аст, ки ҷавонон табиатан эҳсосӣ буда, ба масоили динӣ бо шурӯъ ҳаяҷони қавӣ вокуниш мекунанд. Аммо ба гуфтаи вай, дар муқобил ҷавонон таҳлил, ва дониши амиқ аз дин надоранд. Ин ҳолат боиси он мешавад, ки ҷавонони туъмаи таблиғоти гурӯҳҳои тундгаро мешаванд ва ҷони азизи худро аз даст медиҳанд, хулоса мекунад Саъдӣ Юсуфӣ.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 11 январ бо нашри матлабе ба 10 ҳодисаи муҳим дар ҳаёти Тоҷикистон дар соли гузашта таваҷҷӯҳ кардааст. Аз ҷумлаи ба навиштаи ин нашрия, яке аз таҳавулоти муҳими соли 2023 ин суръат ёфтани музокироти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Дар соли гузашта ду кишвар дар марвиди беш аз 90 дарсади хати сарҳади давлатӣ ба тавофуқ расиданд.

Инчунин ба навиштаи ҳафтанома, яке дигар аз рӯйдодҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон сармоягузориҳои хориҷӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аст.

Дар ин замина Бонки сармоягузориҳои инфрасохтории Чин барои ҷудо кардани 500 млн доллар ба тарҳи НБО Роғун эъломи омодагӣ кард. Дар баробари ин миёни Тоҷикистон ва Сандуқи рушди саудӣ дар заминаи ҷудо кардани 100 млн доллар барои тарҳи НБО Роғун созишнома имзо шуд.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”