Шурои ҷамъиятии Ҷумхурии Тоҷикистон рузи 19-уми ноябри соли чорӣ дар маҷлисгоҳи Маҷмааи давлатии «Кохи Вахдат» мизи мудавварро дар мавзӯи Дастгирии соҳибкории хурд ва миёна, хусусан дар бахшҳои истехсолӣ дар маҳалҳо, роҳҳо ва василахои ҳавасмандсозии онҳо аз нигохи ҷомеаи шахрвандӣ доир намуд.
Дар кори ҷаласа мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Шукуҳиддин Субҳиддинзод, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Исоҷон Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Хуршедаи Қодир ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа оид ба рушди иқтисоди миллӣ, татбиқи Стратегияи Миллии Рушд барои давраи то соли 2030, омилҳои таъсиррасон ба рушди соҳибкорӣ, дастгирии соҳибкорон дар самти дастрасӣ ба маблағҳои қарзӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳо, васеъ истифода намудани технлогияи инноватсионӣ дар истеҳсолот, омода намудани кадрҳои баландихтисос андешаронӣ сурат гирифт.
Дар суханронии Қурбонзода Исочон Ятим муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав низ таъкид шуд, ки 3981 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 349 корхона зиёд мебошад. Танҳо дар соли равон 351 корхонаи нав таъсис дода шудааст, ки 1 дар онҳо 180 млн сом маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳадафи асосии мизи мудаввари мазкур таҳлили ва баррасии маъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ буд ва ширкаткунандагон барои беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Ш. Аҳмад
