Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 хатти тақсимоти оби нӯшокӣ ва 2 хатти оби полезӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба истифода додани бинои маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ҳамчунин, ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 хатти тақсимоти оби нӯшокӣ ва 2 хатти оби полезӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи ҷӯроббофӣ дар заминаи ҶДММ Афзали Нур дар шаҳри Хуҷанд бо саҳмгузории соҳибкори ватанӣ  бо маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ ташкил шудааст. Дар 100 дастгоҳи корхона аз ришта то маҳсулоти ниҳоӣ, тамғагузорӣ, банду баст ба таври автоматӣ анҷом дода шуда, дар як моҳ дар ду баст 600 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад. Дар марҳилаи аввали корхона барои 50  зану духтари маҳаллӣ ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуда, дар ин ҷо 20 намуди гуногуни ҷӯроби мардона, занона ва кӯдакона истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти корхона бо тамғаи Афзали Нур ва маҳсули Тоҷикистон (made in Tajikistan) ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.

Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар заминаи ҶДММ Афзали Нури шаҳри Хуҷанд коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ таъсис ёфтааст. Дар корхона насби 14 дастгоҳу таҷҳизоти нав имкон фароҳам овардааст, ки маҳсулоти зарурӣ барои истифода дар рафти кори сохтмон ба бинокорон истеҳсол карда шавад. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд. Кори дастгоҳҳо ба таври автоматӣ сурат гирифта, маҳсулнокии баланд доранд. Иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ  то 250 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли либосҳои занонаи  Ахтари Хуҷанд дар заминаи ҶСК Нуртекс аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нурулло Усмонов дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ 234А бунёд гардидааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида қисман аз пахта иборат буда, ҳоло дар дохили кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.  Дар дӯхти либос унсурҳои миллӣ ва хусусияти хоси маҳал ба назар гирифта шудааст. Маҷмӯи маҳсулоти корхона дар як моҳ то 40 ҳазор сомонӣ буда, марҳила ба марҳила зиёд мегардад. Дар дурнамои корхона ташкили ҷойҳои нави корӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Коргоҳи дӯзандагии Ахтари Хуҷанд навтаъсис буда, яке аз самтҳои асосии фаъолияташ ин дӯхти либосҳои мактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дастгоҳҳои дӯзандагиву бурандагӣ аз Ҷумхурии Мардумии Чин ворид гардида, маҳсулот мутобиқ ба меъёрҳои мавҷуда истеҳсол мешавад.

Коргоҳи дӯзандагии Ахтари Хуҷанд бо якчанд муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, нақша дорад то 4000 маҷмуъ либоси мактабӣ истеҳсол намояд. Корхонаи дӯзандагии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар он 10 зани хонанишин бо ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Инчунин, корхонаи мазкур хонандагони ятими кулл, нимятим, камбизоат ва хонандагони мактаб –интернатҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи онро ройгон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамояд.

Дар коргоҳи дигари корхона либосҳои варзишӣ дӯхта мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳҳои нави корхона  дар маҷмӯъ 100 кас бо  кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Гуфта шуд, ки хатти тақсимоти оби нӯшокӣ дар деҳаи Оббурдони деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини 1500 сокини маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Баробари ба кор даромадани ин хатти муҳими тақсимоти об ҳазорон кас ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо кардаанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ду хатти оби полезӣ дар деҳоти Иван-тоҷик ва Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  400 гектар заминҳои нави соли равон ба гардиши кишоварзӣ воридгардида дар соли 2026 обёрӣ карда мешавад.

Тибқи иттилоъи масъулин дар ин масоҳат асосан боғҳои нав бунёд карда шуда,  дарахтони гуногуни мевадиҳанда шинонда шуд. Ба гуфти мутахассисони соҳа, имкониятҳои хуби обёрӣ ва иқлими маҳал мувофиқ аст, ки боғҳои нав дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил дароянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои истеҳсоли ҷӯроб, дастпӯшакҳои сохтмонӣ, либосҳои занона, мактабӣ ва варзишии бачагона бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, дар онҳо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, хушсифат ва рақобатпазир омода карда мешавад. Бо бунёди корхонаҳои мазкур садҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.