Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии Хуавей истгоҳҳои базавии алоқаро таҷдид мекунад

12 декабр байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин хусус сомонаи расии Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳуҷҷат ҳамкории фарохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳо ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.

Гуфта мешавад, ки дар шароити рушди зудҳангоми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ имкон медиҳад, ки операторони мобилӣ ба таҷҳизоти навтарини соҳаи алоқа дастрасии фаврӣ дошта бошанд.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, дар доираи муқаррароти ин Ёддошт ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони  «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки таҳқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад.