Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари ширкати итолиёвии “Keios” ҷалб сайёҳонро ба кишвар баррасӣ карданд

13 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари ширкати машваратии итолиёвии “Keios” Питер Низет ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфтааст. 

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дода, менавиад, ки ширкати итолиёвии “Keios” ширкати сайёҳӣ буда, ҳадаф аз ташрифи меҳмонон шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳӣ мебошад. 

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят зимни суҳбат изҳор доштааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, солҳои 2019-2021 дар мамлакат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда буд. Дар ин солҳо инфрасохтори соҳа беҳтар гардида, барои ҷалби ҷаҳонгардон чораҳои муассир амалӣ карда шуд. Дар натиҷа шумораи сайёҳон зиёд шуда, ҳамасола садҳо ҳазор нафар аз маконҳои зебову нотакрори Тоҷикистон боздид менамоянд. 

Дар вилояти Суғд низ барои рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, шумораи зиёди ҷаҳонгардон ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Ашту Мастчоҳ ташриф меоваранд. 

Дар вилояти Суғд 45 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 225 хатсайри сайёҳӣ вуҷуд дорад. Барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ шумораи зарурии меҳмонхона, осоишгоҳу марказҳои табобативу истироҳатӣ, лагерҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, осорхонаву зиёратгоҳ, ҷойҳои таърихӣ ва қадимӣ мавҷуд буда, соли равон наздик 600 ҳазор нафар ба вилояти Суғд омадаанд. Дар ин давра субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ба маблағи наздик 500 миллион сомонӣ ба муштариён хизмат расонидаанд.

Питер Низет ҳадафи сафари худро ба шиносоии бевосита ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва амалишавии лоиҳаҳо дар ин самт рабт дода, таъкид кард, ки дар оянда барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.