Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар, аз ҷумла дар раванди хизматрасониҳои муздноки давлатӣ, ки татбиқи он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” амалӣ шуда истодааст, барои қабули таклифу пешниҳод почтаи электрониро бо нишонии peshnihod@moliya.tj фаъол намудааст.
Дар ин бора сомонаи расмии ин Вазорат хабар дода навиштааст, ки бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳои дар ин раванд ҷойдошта аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хоҳиш карда мешавад, ки таклифу пешниҳоди худро вобаста ба масъалаи мавриди назар ба суроғаи электронии peshnihod@moliya.tj манзур намоянд.