Чанд лаҳза пеш дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» оғоз гардид, ки дар он кишоварзони мамлакат навъҳои ин зироатро бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварданд.
Дар ин хусус хамкорам Машраби Холмахмад аз чараёни намоишгох иттилоъ дод. Инчунин аз ҷониби масъулони Вазорати кишоварзӣ хони бо таомҳои картошка ороста пешниҳод шуд. Бино ба хабари манбаъ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода фестивали мазкурро ифтитоҳ намуда, изҳор намуд, ки «Тоҷикистон то соли 2020 1 млн тонна картошка истеҳсол мекард. Ин рақам соли 2021 ба 1 млн 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».
Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷамъбасти даҳмоҳаи соли 2022 саҳми кишоварзони мамлакат дар ММД зиёда аз 23 фоизро ташкил медиҳад.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода иброз дошт, ки соли равон аз хориҷи мамлакат ягон миқдор картошка ворид нашуда, тамоми маҳсулот истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 32158 гектар картошка кишт карда шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 25 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ 776 ҳазору 553 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 215 тонна зиёд мебошад.
Ба гуфти кишоварзон, он намудҳои картошкае, ки имрӯз истеҳсол мегарданд, қариб 65 фоизи бозори истеъмолии мамлакатро таъмин менамоянд.