Ба пешвози Фаррух Ҳасанов меравем. Ӯ пагоҳ ба Ватан бармегардад

Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, ки дар тарҳи мусиқии “Ну-ка, все вместе!” дар Русия соҳиби Шоҳҷоиза шуд, фардо саҳар ба Ватан бармегардад.
Гуфта мешавад, Фаррух Ҳасанов соати 05-и субҳ вориди Душанбе мешавад. Дар назар аст, ки ӯро бо маросими тантанавӣ ҳаводорон ва масъулони давлатӣ пешвоз гиранд.
Ёдовар мешавам, ки даври ниҳоии озмун 24-уми ноябр гузашт. Ба Фаррух Ҳасанов санади пирӯзӣ ва панҷ миллион рубл, муодили бештар аз панҷоҳ ҳазор доллар, супурданд.
“Ман ба инҷо дунболи орзуҳоям омадам. Ифтихор мекунам, ки тоҷик ҳастам. Ман тавонистам нишон диҳам, ки мо танҳо бинокор нестем, ҳунарманд низ ҳастем. Пирӯзиямро ба кишварам мебахшам,” — гуфт ӯ баъд аз эълони пирӯзӣ.
Тарҳи мусиқии “Ну-ка, все вместе!” дар телевизиони Русия дафъаи панҷум баргузор шуд. Ғалабаи ширкатдорон ба он бастагӣ дорад, ки чанд нафар аз 100 сароянда ва оҳангсози машҳури Русия писандидани овозхонро бо бархостан аз ҷой нишон медиҳанд. Суруди Фаррух 97 нафари онҳоро водор кард, ки аз ҷой бархезанд ва бархе ҳам ба рақс дароянд.