Баргузории мизи мудаввар вобаста ба Тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021

Дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе оид ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021 мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, шарикон оид  ва рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Тавре сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта шуд, ки саломатӣ  сарвати бебаҳои миллат ва нишондиҳандаи воқеъии рушди устувори ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, ташкили ғизо дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ нақши муҳимро мебозад.

Вобаста ба ин, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, мушкилиҳои дар ин самт бударо ба воситаи қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллию минтақавӣ марҳила ба марҳила ҳал намуда истодааст.

Йод микроэлементест, ки барои фаъолияти биологии бадани инсон, аз ҷумла тавлиди гармонҳои сипаршакл зарур аст. Мушкилоти норасоии йод (IDD) дар саросари ҷаҳон бо сабаби таъсири харобиовараш ба рушди равонӣ ва психомотории тифлон ва кӯдакони хурдсол яке аз масъалаҳои асосии саломатӣ боқӣ мемонад. Кӯдаконе, ки дар минтақаҳои дорои мушкилоти норасоии йод таваллуд шудаанд, ба ҳисоби миёна, нисбат ба кӯдакони дар минтақаҳои дорои йоди кофӣ таваллудшуда, 13,5 холи вобаста ба нишондоди зеҳнӣ (IQ) камтар доранд.

Дар саросари ҷаҳон, 1,8 миллиард нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз сабаби истеъмоли нокифояи йод, таҳти хавфи норасоии йод қарор доранд. Норасоии йод ба тамоми марҳалаҳои ҳаёти инсон, шурӯъ аз давраи афзоиш дар батни модар то давраи пирӣ таъсир мерасонад. Оқибатҳои норасоии йод натиҷаҳои номақбули таваллуд, кретинизм, ҷоғар, гипотиреоз ва ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ ва равониро дар бар мегиранд. Бо вуҷуди ин, занони синну соли репродуктивӣ, аз ҷумла занони ҳомиладору синамакон ва кӯдакони то 5-сола зери хатари баланд қарор доранд. Ҳангоми афзоиш ва инкишофи тифл дар батн ва пас аз таваллуд, норасоии йод боиси осеби ислоҳнопазири мағзи сар ва системаи марказии асаб мегардад. Аксарияти оқибатҳои норасоии йод ноаён ва ислоҳнашаванда мебошанд, аммо дар айни замон ин вазъиятро комилан метавон пешгирӣ кард.