Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд ҷамъбаст ва ғолибон бо ҷому мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-10 ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он беш аз 80 варзишгар аз Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Белорус ширкат варзиданд.
Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, соҳиби 10 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд, ки нишони маъруфияти бокс дар кишвари азизамон мебошад.
Дар маҷмуъ, 52 нафар ғолибони мусобиқа бо ҷому мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 3 ҳазор сомонӣ то 8 ҳазор сомонӣ шуданд.
Роҳбарияти вилояти Суғд ба ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд, дилому мукофотпулиҳоро супорид.