Дар Исландия вобаста ба заминларзаҳои пай дар пай, ки дар қисми ҷанубу ғарбии нимҷазираи Рейкянес ба амал омад ва эҳтимоли хуруҷи вулканро дар пай дорад, вазъи фавқулода эълон карда шуд. Дар ин бора агентии иттилоотии Интерфакс хабар медиҳад.
Тибқи иттилои расида аз охири моҳи октябр дар нимҷазираи Рейкянес дар умум 24 ҳазор маротиба заминларза сабт шудааст. Танҳо давоми 14 соати як рӯз қабл 800 ҳолати таконхурии замин ба қйд гирифта шуд, ки қавитарини он 5,2 дараҷаро ташкил дод.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд, ки эҳтимол, рӯзҳои наздик дар минтақаи Гриндавики Исландия вулкан хуруҷ намояд. Аз ин рӯ, ҳукуматдорони маҳаллӣ сокинонро огоҳ намуданд, ки эҳтиёкор бошанд