Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд

Дар асоси тавофуқи ҷонибҳо аз 1 то 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Гурӯҳҳои кории топографӣ 17,98 километри сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа Протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷаласа дар вазъияти дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд.

Ҷонибҳо дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, корҳоро оид ба аломатгузории минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.