Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «World Combat Games 2023» як медали нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд

Аз 20-ум то 30-юми октябр дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз мусобиқаи «World Combat Games-2023» оид ба кураш баргузор гардида истодааст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони зирин намояндагӣ карданд:
Боқӣ Валимуҳаммад (65кг)
Наврӯзи Каримзод (75кг)
Ҳамроз Раҷабов (85кг).

Хушбахтона ин варзишгарони кишвар тавонистанд, ки дар мусобиқаи «World Combat Games 2023» ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд.

Аз миёни паҳлавонони тоҷик Ҳамроз Раҷабов (85кг) медали нуқра, Боқӣ Валимуҳаммад (65кг) ва Наврӯзи Каримзод (75кг) ба гирифтани нишони биринҷӣ мушарраф гардиданд.