ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО РОДОРА КОНСЕПСИОН МУЛОҚОТ НАМУД

26 октябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти ин Вазорат хабар медиҳад.

Манбаъ зикр мекунад, Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат аз ҷониби бонки мазкур пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Родора Консепсион, сардори бахши татбиқи Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ омодагии бонки мазкурро баҳри боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ иброз намудааст.

Дар охири мулоқот Родора Консепсион барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.