Дар гузориши нави Агентии СММ оид ба гурезагон (UNHCR) омадааст, ки аз аввали соли 2023 то моҳи сентябр беш аз 114 миллион нафар дар саросари ҷаҳон овора шудаанд. Дар гузориши созмони мазкур омадааст, ки ин тамоюл рекорди нав буда, аз “нотавонии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли низоъҳо” шаҳодат медиҳад.
Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон омилҳои асосии оворакунии маҷбуриро ба низоъҳо дар Украина, Судон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Мянмар, инчунин тағйирёбии иқлим ва бӯҳрони тӯлонии башардӯстона дар Афғонистон рабт додааст.
Ҳамзамон дар гузориш омадааст, ки беш аз нисфи муҳоҷирони дохилӣ (57%) ҳеҷ гоҳ марзҳои байналмилалиро убур накардаанд. Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон қайд мекунад, ки дар шаш моҳи аввал дар саросари ҷаҳон 1,6 миллион дархости паноҳандагии инфиродӣ пешниҳод шудааст, ки ин нишондидҳандаи баландтарин дар таърихи башарият аст. Дар маҷмӯъ, тибқи арзёбии СММ дар ҷаҳон 36,4 миллион нафар ҳамчун гуреза ба қайд гирифта шудааст.