Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон – шаҳри қадимаи Саразм доир карда мешавад. Ба таъкиди сарвари давлат ин ҷашн имконият медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Дар Паёми навбатии хуб ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистаанд. Бо ин мақсад бо пешниҳоди роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраки бостонии Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд ва соли 2020 5500 – солагии он таҷлил мегардад. Ба таъкиди декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Раҳмоналӣ Шарифов Саразм ба давраи охири асри санг мутаалиқ аст. Номбурда дар хусуси аҳамияти таърихиву фарҳангии ин ёдгории бостонӣ чунин иброз дошт, ки: “ёдгории Саразм ба давраи эниолит давраи оихири асри санг мутаалиқ аст. Ҳамзамон осори моддие, ки аз Саразм дар ҷараёни ковиши бостоншиносӣ аз соли 1976 то инҷониб пайдо гардидааст аз замони давраи гузариш ба асри биринҷ низ шаҳодат медиҳад. Саразм барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик хусан давраби бисёр муҳим ёдгориест, ки дорои аҳамияти таърихӣ аст”.
Муаррихон бар он назаранд, ки шаҳри қадимаи Саразм ин оғоз ва макони фарҳанги ҳунармандию кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ мебошад. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев чунин ибрози ақида кард: “Шаҳри Саразми бостонӣ ин ибтидои фарҳанги кишоварзӣ ва шаҳрдорӣ умуман дар минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ ба шумор меравад. Чунин фарҳанги қадим умуман дар минтақа ба ҷуз шаҳри Саразм то имрӯз бозёфт ва мавриди тадқиқ қарор гирифта нашудааст”.
Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ дар гузашта масоҳати Саразм беш аз 150 ҳазор гектар заминро фаро мегирифтааст. Бо гузашти вақт ҳоло масоҳати ин ёдгории таърихӣ беш аз 100 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва гувоҳи маркази ҳунармандии халқи тоҷик аз гузаштаи дур мебошад. Дар ин бора Доктори илмҳои таърих Раҳмоналӣ Шарифов аз ҷумла чунин гуфт: “Саразм бештар аз 100 гектар заминро фаро мегирад ва маркази ҳунармандӣ кишоварзӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мансуб дониста мешавад. Пайдо шудани оташгоҳҳо, манзил, роҳрав, паскуча, павастшавии паскучаҳо ва пайдо кардани зарфҳои сафолӣ, сангтарошӣ ва раванди урбанизатсия дар Саразм шаҳодат медиҳад”.
Боиси сарфарозист, ки ёдгориҳои бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ғамхорӣ ва дастгириҳои Сарвари давлат қарор дошта, маҳз бо талошҳои ҳукумати кишвар мавзеъҳои таърихӣ диққати олимон ва сайёҳони хориҷиву ватаниро ба худ ҷалб намудаанд. Ҳамчунин ба руйхати ЮНЕСКО шомил гардидани ёдгории Саразм ба ҷаҳониён бори дигар собит месозад, ки ниёгони мо зиёда аз панҷнуним ҳазор сол пеш яке аз аввалинҳо шуда, ба маданияти кишоварзиву чорводорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ дар Осиёи Марказӣ замина гузоштаанд.
Нуралӣ Давлат, махсус
барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”