МАСИРИ РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаккули раванди ҳамгироии пахши рақамӣ ва ҷаҳонишавии иттилоот шабакаҳои телевизион ба дуртарин минтақаҳои олам мавҷ фирис­тода, сокинони сайёра ба ахбори муътамад, гузоришҳои саривақтӣ ва барномаҳои тафреҳӣ дастрасӣ пайдо карда, бо истифода аз таҷҳизоти моҳворавӣ ва интернет аз рӯйдоде дар ҳар канори дунё огоҳ шаванд.

Соли 1956 сохтмони бинои телевизиони Тоҷикистон ва маркази техникӣ оғоз ёфта, соли 1959 корҳои сохтмонӣ бо васли таҷҳизоти техникӣ анҷом ва ба истифода дода шуд ва Тоҷикистон аввалин барномаи телевизиони худро рӯзи 3 октябри соли 1959 пахш кард. Телевизиони Тоҷикистон, ки аввалин шабакаи телевизиони давлатӣ ва умумимиллии Тоҷикистон мебошад, бо номи Студияи Душанбе ба фаъолият оғоз кардааст.

Барномаҳои Телевизиони Тоҷикистонро нахустин наттоқони ин шабака Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева бо салому паёми худ ҳусни оғоз бахшиданд.

Акбар Ҷӯраев коргардон ва таҳиягари аввалин барнома рӯзи ба фаъолият оғоз кардани телевизиони Тоҷикистонро дар як мусоҳибааш чунин шарҳ додааст:

“Бегоҳии 3 октябри соли 1959 соати 6-и вақти маҳаллӣ аввалин барномаи телевизиони тоҷик пахш шуд. Он ҷо тахминан 20 дақиқа дар бораи Тоҷикистон, иқтисод, илму фарҳанги ҷумҳурӣ филми умумӣ пахш шуд. Дар байни ин барнома ахбор пешниҳод шуд. Ахбор ба забони тоҷикиву русӣ аз панҷ то даҳ дақиқаро ташкил медод.

Баъд аз он як контсерти хурд пешниҳод шуд. Дар паи он филми истеҳсоли киностудияи “Тоҷикфилм” бо номи “Чароғе дар кӯҳсор” намоиш дода шуд. Ин аввалин филми бадеии истеҳсоли Тоҷикистон буд, ки дар телевизион пешкаш гардид.

Дар солҳои 1965-1966 телевизиони тоҷик ба таҷҳизоти сабт дастрасӣ пайдо кард. Намоишҳои аввалини телевизион қариб якуним соат давом мекарданд. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» ҳамагӣ 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза 3 соату 30 дақиқаро ташкил медод.

Аввали соли 1965 барномаи иттилоотии «Навигариҳои телевизио­нӣ» ба «Ахбор» табдили ном кард ва ҳаҷмаш ба понздаҳ дақиқа расид. Солҳои 60-70-уми асри гузашта барои беҳтар намудани муҳтавои барномаҳои телевизонӣ шоирону нависандагони маъруфи давр ба ҳамкорӣ ҷалб шуданд. Ҳамин тавр, солҳои 70-80-ум намоишҳои «Чойхонаи Дилкушо», «Беғараз панд», «Театр ва тамошобин» пахш мешуданд, ки барои тамошобинон маҳбубияти хосса доштанд.

Аввали солҳои 80-ум зарурати иваз намудани дастгоҳҳо барои саб­ту танзими барномаҳо дар студияи якум пеш омад. Кормандон бо камераҳои телевизионӣ таъмин гардида, барои танзиму пахши оҷилии барномаҳо шароити мусоид фароҳам гардид.

26 июни соли 2006 дар саҳифаҳои таърихи Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун рӯзи навсозии воситаҳои техникӣ ва паҳн намудани барномаҳои он сабт шуд, зеро гузаштан ба техникаи нав дар он шабу рӯз тақозои давру замон буд. Айни ҳол Телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро шабонарӯзӣ тавассути моҳвора сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо ва як қисми Африқо метавонанд тамошо намоянд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”, “Футбол” ва “Шаҳнавоз”,  “Илм ва табиат” ва телевизионҳои маҳаллию хусусӣ таъсис ёфтанд.

Саннаи 3-юми сентябри соли 2005 Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» ба фаъолият оғоз намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии кушодашавии он иштирок намуда, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти ин шабакаи тозабун­ёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшиданд.

Ҳамин тавр, Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» таъсис ёфт ва 4 сентябри соли 2006 шабакаи мазкур ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. Имрӯз кӯдакону наврасон ва падару модарон дар беш аз ҳафтод кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои аъзои ИДМ, барномаҳои телевизио­ни «Баҳористон»-ро дар қатори шабакаҳои сершумори ҷаҳон тамошо мекунанд. Соли 2008 Муассисаи давлатии Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ба кори худ шурӯъ намуд. ТВ “Ҷаҳоннамо” аввалин телевизиони шабонарӯзии сиёсиву иттилоотии Тоҷикистон мебошад, ки ахбори муосирро ба тамошобинон дастрас мекунад.

Дар таърихи 1 марти соли 2016 боз ду шабаки телевизионӣ – телевизионҳои «Варзиш» ва «Синамо» ба фаъолият оғоз намуданд, ки бевосита худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ онҳоро ифтитоҳ намуданд.

Дар соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми августи соли 2020, №452 таъсис дода шуда, санаи 14 апрели соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Баъдан Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Муассисаи давлатии телевизиони “Шаҳнавоз” ба пахши барномаҳои худ оғоз карданд.

Пахши барномаҳо дар шабакаҳои мазкур мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда шудааст, ки ин имконият медиҳад намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобинон пешкаш гарданд. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо формати навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои соҳаи телевизион мебошад.

Яке аз дастовардҳои соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад. Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои “Телевизиони Тоҷикистон” пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.

Бояд гуфт, ки “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки чанде пеш қабул карда шуд, ислоҳоти куллӣ ва фарогири соҳа, аз ҷумла, “Телевизиони Тоҷикистон”-ро пешбинӣ намудааст. Амалишавии Барнома низоми идоракунии соҳаро такмил дода, мундариҷаи ғоявии барномаҳои телевизион ва радиоро ғанӣ мегардонад ва барои таҳияи барномаҳои рақобатпазир дар бозори воситаҳои ахбори омма шароити муносибро фароҳам месозад. Дар маҷмӯъ “Телевизиони Тоҷикистон” дар шароити пешрафти илму техника ва вазъияти ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллати мо нақши муассир мегузорад.

Абдурозиқ Мардонӣ,

рӯзноманигор