Аз 25 то 26 сентябри соли 2023 дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар 12-умин конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Ба сӯйи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом”, ки аз ҷониби Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ташкил гардида буд, баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирок ва суханронӣ намудааст.
Дар конференсияи мазкур вазирони фарҳанг ва намояндагони тамоми давлатҳои исломӣ ширкат варзиданд.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, Зулфия Давлатзода зимни суханронии хеш бо камоли эҳтирому ифтихори беандоза аз он ёдоварӣ намуд, ки пойтахти кишвари мо –шаҳри Душанбе “Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2010” эълон гардид.
Ҳамзамон Вазири фарҳанг дар идомаи сухани хеш зикр кардааст, ки мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки Ислом терроризмро маҳкум мекунад ва он дар худ ғояҳои ваҳдату башардӯстиро таҷассум кардааст. Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ, эълом доштааст, ки дини мубини Ислом дини сулҳпарвар таҳаммулгаро ва муттаҳидкунандаи башарият аст. Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо, аз ҷумла чанд рӯз пеш, аз минбари СММ таъкид намуданд, ки зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ҳеҷ умумият ба дини мубини Ислом надорад. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини мубини Ислом ғаразҳои харобиовари худро амалӣ карда, номи мубораки Исломро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини Ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондўстиву адолатпарваӣ ва илмомўзиву таҳаммулгароӣ мебошад.
Зулфия Давлатзода дар идомаи баромади хеш иброз дошт, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон теъдоди зиёди китоби “Қуръон” дар тарҷума ба забони тоҷикӣ ба таври ройгон дастраси кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар пойтахти кишварамон Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо кӯмаки амалии Давлати Қатар яке аз масҷидҳои калонтарини дунё бунёд ёфт.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ масъалаҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангӣ, рушди барномаи «Пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом», фаъолияти муштараки минбаъда, мубориза бо гардиши ғайриқонунии интиқоли ёдгориҳои фарҳангӣ ва ғайра таҳти муҳокима қарор доштанд.
Ҳамзамон, дар доираи баргузории конфронс Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба бо Вазири фарҳанги Давлати Қатар доир намуда, таклифу пешниҳодҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи мероси таърихӣ, баргузории Рӯзҳои муштараки фарҳангӣ ва иштироки ҷонибҳоро дар чорабиниҳои фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.
Инчунин тибқи барномаи конфронс Вазири фарҳанг барои ошноӣ аз таъриху тамаддуни Давлати Катар аз Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи исломии Қатар дидан намуд.