Рўзи 26 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенс”-ии шаҳри Душанбе ҳамоиши муаррифии Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Бонки Аврупои таҷдид ва рушд баргузор гардид.
Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа ба анҷом расида, марҳилаи дуввум бо 50 млн доллари амрикоӣ оғоз гардид, ки барои пешбурди технологияҳои сарфакунандаи неру ва захираҳо нигаронида шуда, дастгирии техникӣ аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Корея ва Австрия сурат мегирад. Ҳамчунин Барномаи мазкур ба соҳаи агросаноатии кишвар, ки тақрибан нисфи аҳолии қобили меҳнат дар он машғули кор буда, 22,5 фоизи ММД ба души он мебошад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст.
То 13 миллион доллари амрикоӣ аз маблағи умумӣ, аз он ҷумла 11 миллион доллар ба ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон – Бонки Арванд, ташкилоти қарзии хурди «Ҳумо» ва «ИМОН-ИНТЕРНЕШНЛ» ҷудо карда мешавад. Ташкилотҳои мазкур, ки мизоҷони зиёде дошта, дар минтақаҳои дурдасттарин фаъолият менамоянд, пешниҳоди заруртарин қарзҳои сабз барои ҳатто хурдтарин мизоҷон имконияти хуб фароҳам меорад.
Дар марҳилаи аввал лоиҳа ба маблағи 25 миллион доллари амрикои татбиқ шуда, дар байни солҳои 2019-2023 4 600 зерлоиҳа дастгирӣ ёфт ва дар маҷмуъ боиси сарфаи 24 ҳ МВТ/с неруи барқ, коҳиши партовҳо ба андозаи 5,2 тонна ва камшавии сарфи об ба миқдори 5,2 миллион муккааб дар як сол гардид.
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағҳои навро барои беҳтар намудани дастрасӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва технологиязои сабз барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҷудо менамояд.
Марҳилаи дуюми ислоҳоти сиёсати ҳамкориро бо Бонки Миллии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии хавфҳои иқлимӣ дар бонкҳои ширкаткунанда нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд. Дар анҷоми чорабинӣ Ёддошти тафоҳум бо шарикони рушд ва Бонки Миллии Тоҷикистон. КВД БАҶТ «Амонатбонк» ва созишномаҳои қарзӣ бо шарикони молиявӣ ба имзо расонида шуд.
Ёдовар мешавем, соли 2023 30 солагии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БАТР буда, то ба имруз бо дастгирии ин институти молиявӣ 160 лоиҳа ба маблағи беш аз 900 миллион евро дар кишвар сармоягузорӣ шудааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои «Тоҷикистон»