Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат аз корхонаҳои шаҳри Исфара: «Меваи тиллоӣ», «Оро Исфара», «Исфара Фуд», «Субҳи ватан», «Меваи заррин», корхонаҳои коркарди хушкмеваи вилояти Хатлон, ки зери бренди умумии «Лаззати Хатлон» маҳсулот мефурӯшанд ва Ассотсиатсияи байналмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ доданд.
Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: давлатҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ» доир мегардад. Намоишгоҳ барои корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон имкони хубе фароҳам меорад, то маҳсулот ва имконияти худро муаррифӣ ва тарғиб намоянд, ҳамкории эҳтимолии тиҷоратиро баррасӣ намуда, бо раванд ва тамоюлҳои нави бозор дар минтақа шинос шаванд.
Муовини мудири «Business Consulting Group» ва мушовири миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ Ардашер Иброҳимов, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ сарварӣ менамояд, мегӯяд, ки “иштирок дар намоишгоҳи «World Food» гувоҳи талошҳои марказ ҷиҳати тавсеаи бозорҳои нави фаромарзӣ барои хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Бо намоиши маҳсулоти хушсифати гуногун дар ин пойгоҳи минтақавӣ ширкатҳои мо азм доранд, ки шарикони эҳтимолии байналмилалиро аз байни дистрибюторҳо ва харидорон ҷалб намуда, ҳамкории тиҷоратиро ба нафъи давлат рушд диҳанд”.
«World Food Moscow» ҳар сол баргузор шуда, яке аз намоишгоҳҳои бузургтарини тиҷоратӣ дар саноати хӯрокворӣ мебошад. Намоишгоҳ ин тирамоҳ маротибаи 32-юм иштироккунандагон, коршиносони пешсафи соҳа ва харидоронро аз саросари ҷаҳон ҷиҳати табодули идеяҳо, тавсеаи равобит ва барқарор намудани ҳамкории стратегӣ гирди ҳам меорад. Бо ҳадафи пешбурд ва тарғиби лаззати беназири хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаи ҷумҳурӣ мизбони меҳмонони сершуморе хоҳад буд, ки барои чашидани таъми табиӣ ва нодири маҳсулоти мо меоянд.
Муовини мудири ширкати «Исфара Фуд» Муъминҷон Мамадҷонов мегӯяд, ки “Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти хушкмеваҳои Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам ҳаҷм ва ҳам андозаи ин бозор, мавқеи ҷуғрофӣ, муносиботи наздики иқтисодӣ ва шароити нисбатан содатари вуруд ба бозори ин кишвар мебошад. Дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёзи фаровон ҳаст, мо аллакай дар бозори Русия мавқеи мустаҳкам дорем ва иштирок дар ин намоишгоҳ имкони хубе аст, то мо бо харидорони бештар робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем”.
Бо иштирок дар ин намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон на танҳо имконияти нави содироти маҳсулот пайдо месозанд, балки боз меҳмононро ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо таъми нодири хушкмеваҳо ва маҳсулоти гуногуни меваҷотии мамлакат даъват менамоянд. Ин намоишгоҳ барои соҳибкорони тоҷик ба ҳайси пуле мебошад, ки роҳи онҳоро ба саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ наздиктар ва онҳоро ба ҳайси иштирокчиёни муҳими бозори байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.