Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии аввалинашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 бо дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар доир кард. Рақобати дастаҳо шаби 19-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар қисми аввали рақобат тӯб бештар дар ихтиёри футболбозони меҳмон буд, лекин лаҳзаҳои голзанӣ хеле кам ба чашм расид. Дар нимаи дуюми бозӣ бошад футзалбозони «Истиқлол» беҳтар бозӣ карданд. Ҳамин тариқ бозии дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» бо натиҷаи мусовии 0:0 ба поён расид.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати дастаи «Истиқлол» беҳтарин голзан Манучеҳр Ҷалилов бо сабаби беморӣ ширкат надошт.
Бозии дигари даври аввали ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Персеполис»-и Эрон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ доир гардид, ки дастаи арабӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард.