Ғизои солим-заминаи асосии солимии инсон аст

Истеъмоли дурусти ғизо метавонад ба рушуду ташаккулёбии организими инсон таъсиргузор бошад. Зеро ғизои солим бо витаминҳои ба организм лозим буда, бой аст. Ба ақидаи кормандони соҳаи тиб бояд инсон ҳамарӯза аз ғизои дорои витаминҳои зарурӣ истеъмол намояд.

 Ҳамзамон таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони дорои нуқсон аз рӯйи норасоии ғизои солим ва ба меъёри муайян истеъмол накардани хӯрок ба ин ҳолат дучор мешаванд. Бояд гуфт, ки тановули дурусти ғизо имкон медиҳад, то кӯдакон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ пурра ташаккул ёбанд. Обидҷон Аминов, корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъкид медорад, ки бояд кӯдакону наврасон аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр, обҳои газнок, ролтону ширинҳои сарироҳӣ даст бикашанд. Зеро истеъмоли чунин ғизоҳо боиси номуккамал инкишоф ёфтани организми онҳо мегардад.

Мавриди зикр аст, ки давлату ҳукумати мамлакат баҳри дастарасии ғизои солим ба аҳолии кишвар тамоми чораҳои зарурӣ, аз ҷумла барномаҳои зиёди давлатиро рӯйи кор овардаанд. Ба андешаи пизишкон  ба хотири солим ба дунё омадани кӯдак бояд модар хӯрокҳои серғизо тановвул намояд. Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади пешгирии  норасоии ғизо, баланд бардоштани маърифати тибии занони ҳомила аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 инҷониб  Роҳнамоии солимии модару кӯдак  ва моҳи майи соли 2020 Барномаи  миллии комуникатсионии «Ҳазор рӯзи аввали ҳаёт» таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Ба таъкиди кормандони риштаи тиб бояд кӯдакону наврасон дар як рӯз аз 3 то 4-маротиба хӯрок тановул намоянд. Чунки тез-тез истеъмол кардани хӯроки гарму серғизо муҳим буда, имкони баланд бардоштани системаи имунии кӯдак мегардад. Дар он ҳолат аз гирифторӣ ба бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла зуком раҳоӣ меёбанд. Чун, дар сурати таъмин гардидани ҳама намуд витамину ғизои лозима дар органими шахс имунитет баланд гардида, он вақт ҳама гуна микробҳоро тавони нобуд кардан дорад. Пас, лозим меояд, ки  барои пурра ташаккулёфтани организми хурдсолон ҳамарӯза онҳоро бо ғизои солим таъмин намуд.

КОМРОНИ АБДУВАЛӢ

радиои “Тоҷикистон”