Дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ҳайаташро барои бозӣ бо бошгоҳи «Истиқлол» пешниҳод намуд, ки дар ҳайати даста Филипе Коутино ворид нашудааст. Футболбози бразилӣ аз сабаби осеб доштанаш дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё-2023/2024 муқобили «Истиқлол» иштирок карда наметавонад.
Аз як ҷиҳат барои футболбозони «Истиқлол» набудани чунин футболбози беҳтарин дар ҳайати дастаи рақиб бар нафъи кор аст, лекин мухлисони футбол дар Тоҷикистон собиқ футболбози дастаҳои «Ливерпул» ва «Барселона»-ро аз наздик дидан мехостанд.
Ситораи дигари футбол Эрнан Креспо бошад ҳамчун сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» аллакай ба Душанбе ташриф овард.